29
июнь
2021
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвари Қирғизистонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари расмии дурӯзаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров ба Тоҷикистон мулоқоту музокироти сатҳӣ олӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баргузор хоҳанд шуд.
