МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
13
июль
2021

Зи хоин дур бош, эй дӯст, ҳамвор...

Чуноне, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ва дигар расонаҳо филми мустанади “Хиёнат” намоиш дода шуда буд, ки дар рафти он аз амалҳои пардапӯшонаю ноҷавонмардонаи Ташкилоти экстремистӣ- террористии Ҳизби наҳзати Ислом нақл карда мешавад. Баъди тамошои ин филм ҳар як тамошобин маротибаи дигар боварӣ ҳосил менамояд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ дигар дар ягон давру замон бо амалҳои хиёнатпешаю дасисаҳои шумашон дар байни мардуми тоҷик пайдо нахоҳанд шуд. Тамошои ин филм бори дигар мардуми тоҷик, махсусан мо ҷавононро огоҳ менамояд, ки ҳақиқати ҳолро нисбати аъзоёни ин ҳизби бадхоҳ дуруст бифаҳмем. Он амалҳои зиште, ки аз тарафи аъзоёни ин ҳизб дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он мушоҳида карда мешавад нафрати мо ҷавононро нисбати ин ташкилоти иғвогару террористӣ зиёд менамояд. “Хиёнат” бо факту далелҳои аниқ ва суханҳои шоҳидони ҳол чеҳраҳои асосии ин хоинони ватанфурӯшро хеле ва хеле рӯшан ошкор кардааст. Махсусан факту далелҳои тозае аз даврони ҷангӣ даҳшатбори шаҳрвандӣ дар филм ҷой дода шудааст, ки гиреҳи бисёр ҳақиқатҳои нокушодаи он замонро пеши дидаи мо ҷавонон боз намуд.Аз суханони боздоштшудагон-аъзоёни ин ҳизб, ки тариқи расонаҳо бо забони худ эътироф менамоянд маълум мегардад, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ маҳс бо дасти аъзоёни ҳамин ташкилот афрӯхта шудааст. Аламовараш он аст, ки бо пайю қадами шуми ин ташкилот суйиқасд ба ҷони шахсиятҳои варзида ва олимону зиёиёни нотакрори кишвар амалӣ гардид, ки таърих ҳаргиз ин гуноҳи азими онҳоро нахоҳад бахшид. Ҳар кӣ ин филмро тамошо мекунад оби дидагони худро аз дидани манзараҳои даҳшатангез, қатли чеҳраҳои сиёсию фарҳангӣ, аъзоёни ташкилотҳои байналмилалии дар Тоҷикистон амалмекарда, гаравгонгирии одамон, оташ гирифтану харобу валангор гардидани манзилҳои истиқоматии мардум, дар гӯшаву канори ватан, ки бо касофатии кирдори онҳо ба вуқӯъ омада буд, дошта наметавонад. Имрӯз мо аз амалҳои бадхоҳонаи ҳамдиёрамон Муҳиддин Кабирӣ- раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ эълонкардашудаи наҳзати исломӣ шарм дошта сархам шудаем, ки кӣ ва чӣ ӯро ба ин роҳи хато ҳидоят намудааст ?! Ӯ ва пайравонаш алҳол дар хориҷи кишвар паноҳ ёфта беандешаю беҳуда нисбати Тоҷикистони азиз суханҳои подарҳавою санги маломат мезананд. Озодию ободӣ ва шукуфоии Ватани азизро нодида мегиранд. Барои мо ҷавонон фазои озоду ободи ватан, ки шоду хурраму озодона ҳаёт ба сар мебарем, таҳсили илм мекунем болотар аз ҳама ганҷи дунёист. Ҳамаи ин пешравиҳою ғамхориҳои пай дар пай пай нисбати мо ҷавонон натиҷаи роҳбарии дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мо пайравони асили ин роҳбари Худододамон мебошем. Мо ҷавонон ҳамеша омода ҳастем, ки барои ҳифзу ҳимояти ватани азизу маҳбубамон- Тоҷикистони гулгулшукуфон, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, маҳзабиву суннатӣ, эҳтироми баланд ба муқаддасоти давлатӣ тамоми қувваю ғайрати ҷавонии худро сарф намоем ва ҳамеша бар зидди чунин афроде, ки берун аз Ватан макон гирифта бо туҳматҳои беасос ва ҳарзагуйиҳо ба номи Тоҷикистони ҷону ҷонони мо иснод меоваранд муборизаи беамон ва доимӣ мебарем вам ҳамавақт аз онҳо дурӣ меҷӯем.Зи хоин дур бош, эй дӯст, ҳамвор,Ки хоинро набошад дил ба як бор!
ОЯТУЛЛО РАҶАБЗОДА -
мудири бахши кор бо ҷавонн ва варзиши ноҳияи Файзобод!!

Нашрияҳои шабеҳ:

Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*