МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » ВОХӮРИИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ҲАМЗАМОН РАИСИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, БО ИШТИРОКЧИЁНИ БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020
13
июль
2021

ВОХӮРИИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ҲАМЗАМОН РАИСИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, БО ИШТИРОКЧИЁНИ БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020






Санаи 13 июли соли 2021 вохӯрии Раҳмонзода Абдулло – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо Ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020 сурат гирифт.Зимни вохӯрӣ раиси Кумита варзишгаронро барои роҳхат гирифтанашон ба Бозиҳои олимпии Токио – 2020 сидқан табрик намуда, ҷиҳати ҳарчӣ ба даст овардани натиҷаҳои баланд дар олимпида ва бар ин васила муаррифӣ намудани кишвари маҳбуб Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ барору комёбӣ таманно намуд.Инчунин, таъкид гардид, ки варзишгаронро зарур аст, ки зимни сафар пеш аз ҳама саломатиро дар ҷойи аввал гузошта, бо дарназардошти вазъи эпидемикӣ дар кишварҳои ҷаҳон ҷиҳати риояи вазъи беҳдоштӣ ва пешгирӣ аз бемории сироятии COVID – 19 тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар идомаи суҳбат қайд карда шуд, ки имрӯз мардуми шарифи кишвар аз шумо умеди калон доранд ва мутмаинанд, ки шумо варзишгарон бо қувваи бузургу тавоно ва фаъолияти баланди варзишӣ метавонед, дар олимпиадаи ҷаҳонӣ сазовори ҷойҳои намоён гардед ва кишвари азизи худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоед.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио – 2020 аз 11 нафар иборат мебошад: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров аз намуди бокс, Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев варзиши сабук, Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов дар намуди гӯштини ҷудо, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов аз намуди шиноварӣ.
Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар пойтахти Ҷопон – Токио аз 23 июл то 18 августи соли 2021 баргузор мегарданд. Ин бузургтарин мусобиқаи варзишии ҷаҳон аст, ки дар он тақрибан 11 ҳазор варзишгар аз 200 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд. Онҳо дар 33 навъи варзиш ба рақобат пардохта, барои 339 маҷмӯаи ҷоизаҳо мубориза мебаранд.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*