МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ ОИД БА НАМУДИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ ВА ШОҲМОТУ ШАШКА БАЙНИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО ҶАМЪБАСТ ГАРДИД.
14
июль
2021

МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ ОИД БА НАМУДИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ ВА ШОҲМОТУ ШАШКА БАЙНИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО ҶАМЪБАСТ ГАРДИД.

Аз 19 май то 9 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни кормандони вазорату идораҳо мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди тенниси рӯйи миз ва шоҳмоту шашка доир гардид.Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба тенниси рӯйи миз 13 даста аз ҷониби вазорату идораҳо дар маҷмуъ 104 нафар ширкат варзида, аз рӯи барномаҳои даставӣ, инфиродӣ, ҷуфтӣ ва омехта байни мардон ва бонувон сурат гирифт.
Аз рӯи намуди шоҳмот ва шашка бошад 11 даста аз ҷониби вазорату идораҳо дар маҷмуъ 50 нафар нафар байни ҳам сабқат намуданд. 
Дар натиҷа аз рӯи барномаи гурӯҳӣ байни мардон дар мусобиқаи варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз дастаи БДАҶТ “Амонатбонк” мақоми сеюм, дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи дуюм ва дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи якумро соҳиб гардиданд.
Байни бонувон бошад, ҷойи якумро дастаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи сеюмро дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гардиданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди шоҳмот дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи якум, дастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди шашка бошад, дастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи якум, дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва дастаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюмро касб намуданд.
Санаи 13 июли соли ҷорӣ маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони мусобиқа сурат гирифта, ғолибон бо диплому медал ва ҷомҳо аз ҷониби Раҳмонзода Абдулло – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Аксҳо аз ҷамъбасти чорабинӣ:

Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*