МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » ВОКУНИШ :- ИФРОТГАРОИЮ ТЕРРОРИЗМ ХАТАРЕСТ БА АМНИЯТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
15
июль
2021

ВОКУНИШ :- ИФРОТГАРОИЮ ТЕРРОРИЗМ ХАТАРЕСТ БА АМНИЯТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Бетарафӣ дар ростои таъмини амнияти миллӣ хиёнат ба миллату давлат ҳисобида шавад. Дунёи муосир чунин шакл гирифтааст, ки андак саҳв ва хатои кӯчаке метавонад, назми ҷомеаро ба ҳам занад, амнияти миллиро зери хатари ҷиддӣ қарор диҳад ва дар охир кишвареро ба гирдоби ҷангҳои мусаллаҳона партоб намояд.      Амният падидаест, ки доим ба таҳким ва ҳифз ниёз дорад. Омилҳо ва зуҳуроти гуногуне вуҷуд доранд, ки ба амнияти милли таҳдид мекунанд.    Амнияти миллй шояд нодиртарин падида барои рифоҳу осоиши як миллат ва мардум бошад. он як объекти маҷмӯй буда, ба навъҳо ва шаклҳои гуногун  ҷудо мегардад. Вобаста ба соҳаҳои мухталифи ҳаёт амният низ соҳаҳои мухталифи ҳаёт амният низ соҳавй мешавад. Таҳдид ба яке аз ин соҳаҳои амният таҳдид ба системаи амнияти миллии як кишвар ҳисобода мешавад. Эҷоди халал дар яке аз ин шохаҳо системаи таъмини амниятро заиф ва нотавон мегардонад. Аз ин рӯ, тақвияти системаи худмуҳофизатии кишвар ва эҷоди фазои устувору солими боварибахш баҳри таҳкими амнияти миллӣ кори ҳамешагии ҷомеа, давлат ва афроди саршиноси миллат маҳсуб меёбад.    Хатари ақидаи ифротӣ барои чомеаи точикистони на камтар аз хатари бомбаи худтарканда аст.  Экстримизм ё хамон ифротгарои тарзи тафаккур ва чахонбинии хосест, Ки амалхои интихорию террористи дар он аз чихати назаряви "асоснок" шудаанд. Ба таври сода гуем, экстремизм тавлидкунанда ва модари терроризм аст. Яъне экстремизм чашма аст ва терроризм ҷуест, ки аз он равон аст. Бинобар ин агар мо хоҳем, хатари терроризмро рафъ намоем,   бояд бо экстремизм муборизаи беамон барем. Роҳҳо ва усулҳои хушконидани чашмаро кор карда бароем. Чашма, ки хушк гардид ҷӯй ба тарики табии мехушкад.
    Мо бояд аз моҷароҳои хунини кишварҳои ховар миёна бардошт ва ибрате барои худ гирифта бошем. Сурия ва Ироқ кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони араб маҳсуб меёфтанд. Сурия бузургтарин имкониятҳои рушди сайёҳии оламро дошт ва ҳатто аз барои доштани ёдгориҳои таърихи "Арӯси машриқзамин" унвон гирифта буд. Акнун ҳолати онро бингарем, ки ба чи ҳоле гирифтор гаштааст.
 
Зувайдуллозода  Фароғат мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар

Нашрияҳои шабеҳ:

Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*