МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
15
июль
2021

ИСТИҚЛОЛ - ИФТИХОРНОМАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ МОСТ!

Насли истиқлолу сулҳу ваҳдатем,Пайравони Пешвои миллатем!
 Санаи 9-уми сентябри соли 1991, чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст, яъне санаи эълон гардидани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин воқеаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад ва ҳар сол санаи 9 - уми сентябр чун иди озодиву сарбаландӣ ва иқболу озодӣ таҷлил карда мешавад.
 Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз аз 30 баҳори назокату латофати иқболу нусрат, иди озодиву шарофат меорояд. Иде, ки дар раванди 30 соли зафармандии фирӯзи он ҷавонон пайваста ҳамрозу ҳамроҳу ҳамкораш буданд. Иқдомоти неки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ доимо, баҳри такмил ва рушду инкишофи маънавию ҷисмонии ҷавонони сарфарози ватан равона шуда, ҷиҳати такомули фарҳанги миллӣ ва ҳуввияти созанда дар замири истиқлолманди ҷавонон ташаббусҳои бунёдгузореро ба роҳ мемонанд.
  Аз ин лиҳоз, ҷавонони мо имрӯз давомдиҳандагони кору фаъолияти калонсолону абармардони илму адаб буда дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини тоҷикон, чун нерӯи бунёдгар ва созанда, дар инкишофи ҷомеаи имрӯза фаъолона ширкат менамоянд. Имрӯз ҷавонони мо, чун насли замони истиқлол баҳри пайваста баланд бардоштани савияи илму маърифат, маҳорати касбӣ кӯшишу ғайрат намуда, ҳамчун мутахассисони варзида дар мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқии ҷомеа ва ҳифзи истиқлолият фаъол ҳастанд.
Маҳз истиқбол аз истиқлоли воқеии миллати сарсабзи тоҷик буд, ки барои қишри ояндасози ҷомеа яъне ҷавонон имкони васеи таҳсилу тадрису таҳқиқ фароҳам овард.

Шукри истиқлоли қисмат мекунем,
Шукри мулки тоҷ бар сар мекунем.

 Имрӯз ҳар фарди равшанзамири диёр шукрона месозад, ки чунин ватани озоду маҳбуб ва диёри файзбори хуршедӣ дорад. Поянда бод, истиқлоли миллати тоҷик!

Умедҷони Амонӣ
Аъзои фаъоли ТҶ. 
"ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
"
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*