МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
15
июль
2021

"ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ"

Си сол аст, ки Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи истиқлолияти давлатӣ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ роҳ мепаймояд. Таърихи кунунии тоҷикон аз ҳар самте, ки ба он нигарем ва аз пойгоҳи ҳар масъалае, ки ба таҳқиқи он руҷуъ намоем, бо касби истиқлолияти мамлакат пайванд мегирад. Истиқлолият сарманшаи ҷаҳони имрўзаи миллати тоҷик аст, ки дар ниҳоди худ ҳадафҳои олии миллӣ, таърихӣ ва инсонии мардумро асолат бахшид.     
Дастовардҳои имрӯзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ ҳидоят менамояд. Ин тасмими арзишманд кишварамонро ба рушди босуботу амнияти комил ва касб намудани обрӯву эътибори арзанда дар арсаи байналмилалӣ ноил гардонд, ки бе муҳобот, дар ниҳоди насли ҷавон нерӯву тавоноӣ ва умед мебахшад.Ҳарчанд давраҳои тақдирсози кишваромон бо хотираҳои ибратомӯзу таърихӣ пушти сар шуданд, вале дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ назди мо - ҷавонон, вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими Истиқлолият ва бақои Давлату миллат аҳмияти бузург доранд. Бо ибораи Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Пеш аз ҳама бояд сари ин проблема андеша кунем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа, мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ, яъне Ватан ва истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем»
       Бахусус дар давраи истиқлолият бо кушишу заҳматҳо ва ғамхориҳои рузафзӯни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомали Раҳмон таҳқиқу ташвиқи арзишњои таърихию фарњангии миллати тољик  дар сатҳи баланд ҷараён гирифта, барои баланд бардоштани ҳисси ватандустию хештаншиносӣ, талқин ва таҳкими ҳувияти миллӣ миёни ҷавонон, ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас корҳои бузурге ба анҷом расонида шудаанд.

Атозода Зайниддин сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар

Нашрияҳои шабеҳ:

Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*