МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » ТЕМУР РАҲИМОВ – ПАРЧАМБАРДОРИ ҲАЙАТИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН
19
июль
2021

ТЕМУР РАҲИМОВ – ПАРЧАМБАРДОРИ ҲАЙАТИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар маросими кушодашавии 32-юм Бозиҳои Олимпиада парчамбардори Ҳайати олимпии Тоҷикистон интихоб шуд. 
Маросими кушодашавии аввалин Бозиҳои батаъхирафтодаи олимпии Токио-2020 дар Варзишгоҳи олимпии Токио 23 июл баргузор мешавад.
32-юм Бозиҳои Олимпиада мебоист аз 24 июл то 9 августи соли 2020 баргузор мешуд, вале бо сабаби авҷ гирифтани бесории сироятии COVID-19 дар нимаи аввали соли гузашта, бозиҳо як сол ба таъхир афтод.
Ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ворид гардидааст ва беш аз 11 000 варзишгари 205 давлати ҷаҳон барои ба даст овардани 339 маҷмӯи медалҳо мубориза мекунанд.
Ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 10 варзишгар аз рӯи чор намуди варзиш дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ширкат мекунанд: Усмонов Баҳодур, Негматуллоев Шаббос, Зуҳуров Сиёвуш (бокс), Маҳмадбеков Сомон, Муродов Акмал, Устопириён Комроншоҳ, Раҳимов Темур (ҷудо), Аҳмадиев Илдар (варзиши сабук), Тюрина Анастасия ва Ишанов Олимҷон (шиноварӣ).
Темур Раҳимов 8 июли соли 1997 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон. Аз оилаи паҳлавонҳо. Падараш Бахтиёр Раҳимов, бобояш Рустам Абдураҳмонов, тағояш Сӯҳроб Абдураҳмонов гуштингир буданд. Аз соли 2010 ба тамрин машғул аст. 
Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ.
Дастовардҳои варзишӣ
- Барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Чемпионати Осиё (2019; 2021);
- Барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2017);
- Барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (2017);
- Барандаи медали биринҷии Гран Прии Марокаш (2019);
- Ҷои ҳафтум дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон (2018);
- Ҷои панҷум дар мусобиқаи ситораҳои ҷудо (2021);
- Ҷойи панҷум дар Гран Прии Тошканд (2019), Гранд Слами Тошканд (2021), Гранд Слами Анталия (2021);
- Барандаи ду медали тилло ва як нуқраи Ҷоми Осиё миёни наврасону ҷавонон (2014, 2016, 2017).
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*