МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » ДАР КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ҶАЛАСАИ СИТОДИ ДОХИЛИИДОРАВӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ СОVID-19 ДОИР ГАРДИД
23
июль
2021

ДАР КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ҶАЛАСАИ СИТОДИ ДОХИЛИИДОРАВӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ СОVID-19 ДОИР ГАРДИД





23 июли соли 2021 дар дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Кумита, кормандони дастгоҳи марказии Кумита, директорони мактабњои  ҷумҳуриявии мањорати олии варзишӣ ва мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе, масъулини Раёсат ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии ситоди дохилиидоравӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави СОVID -19 доир гардид.Дар ҷаласа Раҳмонзода Абдулло – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи масъулинро ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (СОVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар ситоди шањрӣ санаи 5 июли соли 2021 баён доштанд, ҷалб намуд.Дар ин замина, таъкид карда шуд, ки бо дарназардошти бо суръати баланд паҳн шудани навъҳои нави бемории сироятии (СOVID-19) дар ҷаҳон ҳар як узви ҷомеа махсусан мо сохторҳои идеологиро мебояд, ки корро дар ин самт ҷоннок намуда, ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ба эмгузаронӣ  фаро гирифтани мардум махсусан шахсони аз 18 сола боло корҳои таблиғотиву ташвиқотиро бештар намоем.
Бо дарназардошти ин, ба масъулин дастур дода шуд, ки тамоми кормандон, мураббиён ва машқварзон ҷиҳати гирифтани ваксина ҷалб карда шаванд. Ҳамзамон, бо мақсади огоҳонии мардум ҷиҳати ба ваксина фаро гирифтан корҳои таблиѓотиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро тавассути таъсиси гуруҳҳои корӣ ва васоити ахбори омма, шабакаҳои телевизионӣ, сомона ва саҳифаҳои фейсбукии Кумита васеъ тарѓиб намоянд.
Илова бар ин, аз ҷониби раиси Кумита дастур дода шуд, ки  ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои раиси Ситоди ҷумҳурияви , гурӯҳҳои аз ҳисоби кормандони раёсату бахшҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ва ташкилотҳои системаи варзиш таъсисёфта, ҷиҳати роияи қоидаҳои эпидемикӣ дар нақлиётҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ боз ҳам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотиро тақвият бахшанд.
Дагар масъалаҳои марбут ба пешгирии бемироии сироятии COVID-19 дар ҷаласа баён гардида, масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии он вазифадор карда шуданд.
Аксҳо аз рафти ҷаласа:

Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*