07
сентябрь
2021
ТАБРИКОТИ РАҲМОНЗОДА АБДУЛЛО – РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА ҶАШНИ 30 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷавонони саодатманду хушиқболи Ватан,
Варзишгарони шарафманду содиқи кишвар,
Ҳамдиёрони азиз!
Бо қалби пур аз ифтихор ва эҳсоси баланди ватандорию ватандӯстӣ ҳамаи Шуморо ба ҷашни пурифтихори миллию давлатиамон 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳз бо шарофати сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бароямон муяссар гардидааст ва мо онро дар фазои сулҳу суботи комил ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ истиқбол мегирем, сидќан шодбош гуфта, бароятон нерӯмандӣ, осоишу оромӣ, бахту саодат ва ба кишвари азизамон Тоҷикитони соҳибистиқлол шукуфоии ҳамешагӣ таманно менамоям.
Воқеан, истиқлолу озодӣ бузургтарин неъмат, шаъну шараф, нангу номус, обрӯ ва рӯи сурх дар назди ҷомеаи башарӣ ва шарти асосии мавҷудияти миллат ба ҳисоб меравад. Бароямон хурсандибахш аст, ки дар замони соҳиби Истиқлол будан халқи шарафманди мо тавонист ба дастовардҳои таърихӣ ноил гардад. Бузургтарини онҳо пеш аз ҳама барқарор намудани сулҳу суботи комил, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстиву ватандории тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки расидан ба ин дастовардҳои бузург дар ин марҳила бо хиради азалӣ, сиёсати бунёдкорона, фидокорӣ ва заҳматҳои зиёди фарзанди барӯманди ин миллати куҳанбунёд, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Ин аст, ки қишри ҷавони ҷомеа бо ифтихор иброз медоранд, ки дар давоми 30 – соли соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Пешвои хирадманди миллат, мардуми Тоҷикистон, хосса ҷавонон роҳи садсоларо тай намудем.
Дар асл, тули 30 соли соҳибистиқлолӣ Пешвои ҷавондӯсти миллат нишон доданд, ки такя намудан ба ҷавонон ва истифодаи нерӯи онҳо дар рушду пешрафти Ватани маҳбубамон метавонад нақши муҳим гузорад. Дар ҷавоб ба ин сиёсати хирадмандона, ҷавонони мо бо сифатҳои олитарини инсонӣ, яъне дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ ва ақлу заковат исбот намуданд, ки роњи интихобкардаи онҳо дар масири ватандориву ватанхоҳӣ сафеду дурахшон аст.
Имрӯз, Шумо ҷавонони сарбаланду соҳибтамаддуни кишвар бо ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ, шаъну шавкат, қувва, қудрат, ғуруру азамат, бо ифодаи олии ғояҳои ватандориву худшиносии миллӣ барои пойдорӣ, устуворӣ, абадият, бардавомӣ ва ҷовиду пояндагии Истиқлолу озодӣ ва бахту саодати миллат ҳамчун фарзандони бовафо бо ифтихори миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ сиёсати хирадмандонаи Президентамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда истодаед, ки ин боиси ифтихори мо масъулини соҳаи кор бо ҷавонон мебошад.
Масири 30 – соли тайшудаи давлатдорӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, то ба имрӯз идома дорад.
Сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар, хусусан ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам намуд, ки соҳаи варзиш низ дар кишвар дар ин марҳила низ зина ба зина рушд намояд. Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабҳои варзишӣ таъсису барқарор карда шуда, ҷалби аҳолӣ ба чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ сол аз сол таҳким меёбад ва иштироки варзишгаронамон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба таври шоистатар таъмин карда мешавад.
Мо бо ифтихор мегӯем, ки варзишгаронамон на танҳо пешбарандаи соҳа, балки муаррифгари давлат ва парчамбардору ифтихори миллати мо ҳастанд.
Ман бовар дорам, ки шумо – ҷавонону варзишгарони кишвар аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздатон гузошташуда сарбаландона мебароед ва минбаъд низ мекӯшед, ки ба нафъи давлату ҷомеа боз ҳам содиқона хизмат намоед. Зеро шумо - мояи ифтихор ва сарбаландии миллат маҳсуб меёбед. Маҳз шумо қудрат доред, чун посдорони мероси аҷдодӣ дар назди наслҳои оянда рисолати бардушдоштаатонро бо сарбаланди иҷро намуда, ба халқу диёри хеш хизмати арзанда намоед.
Шумо борҳо собит намудаед, ки дар ҳақиқат дар роҳи давлатдорию ватансозӣ ва созандагию бунёдкорӣ пайравони асили Пешвои муаззами миллат ҳастед ва инро Шумо дар иҷрои ҳама кору масъулият, новобаста аз душвориҳои шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири дигар омилҳои беруна собит намуда истодаед.
Аз ин лиҳоз, имрӯз ҳар яки шумо – ҷавонону варзишгарони хушиқболи Ватанро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои давлату ҳукумат бо илму дониши қавӣ, ақлу заковати зеҳнӣ, истеъдоду малакаи фитрӣ, қобилияту ташаббусҳои наҷиб, иқдомҳои бунёдкоронаву ақидаҳои ҷолиби созанда, касбу ҳунари воло, ҷасорату диловарӣ ва бо дарки баланди масъулияти инсонию хештаншиносӣ дар рушду ободии ин сарзамини биҳиштосо ва муаррифии боз ҳам шостатари он дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзандаи хешро гузоред.
Бо ибрози чунин орзуҳои нек, бори дигар ҳамаи Шумо ҷавонону варзишгарони саодатманд ва дар симои Шумо, кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.
Бигузор Истиқлолияти Тоҷикистони азиз ва озодии мардуми тоҷик абадӣ бошаду сулҳу салоҳ дар сарзамини биҳиштосои мо ҳукмфармоӣ намояд.
ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ, ҶАШНИ ОЗОДӢ, ҶАШНИ ШАЪНУ ШАРАФУ ЭЪТИБОР, ҶАШНИ НАНГУ НОМУС... ФАРХУНДА БОД!