МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
15
сентябрь
2022

ПЕШРАФТИ ЗАНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Ё ин неъмати бебаҳо чӣ қадар занонро ба мартабаҳои роҳбарӣ расонид?

Инак, соҳибистиқлолии кишвари азизамонро 31 сол мешавад ва дар ин муддати начандон тӯлонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои арзишманде ба сомон расонида шуд, ки яке аз онҳо баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад. Таваҷҷуҳ нисбати занон шуруъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ эҳсос мешуд ва ҳамин аст, ки дар давоми 31 сол фаъолияти занон ва саҳми онҳо дар тамоми самтҳо назаррас аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои пайвастаи хеш, ки ҳамасола ироа мегардад, нисбати занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, дар охирин Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ низ маҳз аз боғайрату соҳибмаърифат будани занону ҷавонон гуфтанд: “Ман ба неруи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем”.

РАВИШҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАВҚЕИ ЗАНОН

Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа аз солҳои аввали истиқлол шеваю равишҳои гуногунро пеш гирифт. Аз ҷумла, соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ба имзо расид, ки ҳамчун санади тақдирсози кулли занони тоҷик шуд. Баъди он зиёда аз 20 барномаву санадҳои дигаре низ рӯи кор омаданд, ки дар тамоми самтҳои фаъолияти занон таъсиргузор буданд.

Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” (2004), “Дар бораи мубориза ба муқобили харидуфурӯши одамон” (2006), Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба баланд бардоштани нақшу мақоми занон барои солҳои 1998-2005”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, Барномаи давлатии “Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015”, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ахиран “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030” ва ғайра тавсиб ва қабул гардиданд, ки дар маҷмуъ барои боло бурдани мавқеъ ва нақши занон дар ҷомеа дар солҳои соҳибистиқлолӣ саҳми бориз гузоштанд.

Яке аз иқдомҳои муҳиме, ки аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуд, ин ҷалби васеи занону бонувон ба корҳои давлатӣ ва роҳбарикунанда буд. Ин тасмим 22 декабри соли 2016 дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид. Гуфта шуд, ки бо дарназардошти хизматҳои арзандаи занону духтарон дар таъмин ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ҷалби занону духтарон ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар карда шавад.

Тибқи иттилои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар соҳаи хизмати давлатӣ аз шумораи умумии 5718 нафар кадрҳои роҳбарикунанда 1098, яъне 19,2 дарсадро занон ташкил медиҳанд, ки ин теъдод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 51 нафар зиёд мебошад. Тибқи иттилои Агентии хизмати давлатӣ аз 1 июли соли равон шумораи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ 18576 нафар, теъдоди занҳо 4438 нафар ё 23,9 фоизро ташкил медиҳад.

ТО ҲОЛ КАМБУДИҲО ҶОЙ ДОРАНД

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ахирашон ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030” таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Вале ба гуфтаи мақомот то ҳол норасоии кадрҳои роҳбарикунанда дар ҷамоати шаҳраку деҳот вуҷуд дорад. Ҷумъа Давлатов - директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ахири хеш гуфт, ки дар 101 ҷамоати шаҳраку деҳот ягон нафар зан дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият намекунад. Ӯ гуфт, ки Агентии хизмати давлатӣ дар бораи масъалаҳои вазъи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ, мусоидат ба фарогирии бештари бонувон ба хизмати давлатӣ ва мансабҳои роҳбарикунандаи он мунтазам тадбирҳои мушаххас меандешад.
Ӯ зикр кард, ки дар баъзе вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҷалби занону духтарон ба хизмати давлатӣ тадбирҳои дахлдор андешида намешаванд.

Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Ҳамзамон раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ низ иброз намуд, ки дар баробари зиёд гардидани хизматчиёни давлатӣ ва кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон, вале то ҳол мушкилӣ ҷой дорад.

- Дар хизмати давлатӣ занону бонувони мо зиёд шуда истодаанд, вале дар ин самт мушкилиҳо низ вуҷуд дорад. Дар 26 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва 20 вазорату идораҳо шумораи хизматчиёни давлатӣ аз сатҳи ҷумҳуриявӣ паст аст, ки дар ин самт аз ҷониби кумита ва Агентии хизмати давлатӣ чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст. Аз шумораи умумии раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот танҳо 11 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд,-гуфт Қурбонзода Ҳилолбӣ.

Раиси Кумитаи кор бо занон илова кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар татбиқи Барномаи давлатии тарбияи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд мебошад, ки имрӯз баҳри дар амал татбиқ намудани он ин ниҳод чораҳои зарурӣ меандешад.
- Соли гузашта дар Паёми навбатии хеш муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки ба мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои рушди устувор Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, таҳия ва тасдиқ шавад. Ин барнома аз ҷониби Кумитаи кор бо занон таҳия гардид ва бо қарори Ҳукумат моҳи апрели соли 2022 тасдиқ шуд, ки ҳадафи асосии он то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд ва ҳамзамон то 25 фоиз расонидан аз ҳисоби кадрҳои роҳбарикунанда мебошад, - иброз дошт раиси Кумита.

Ҳамзамон ӯ илова намуд, ки дар натиҷаи кор бо барномаву стратегияҳои амалкунанда сатҳи дохилшавии ҷавондухтарон ба макотиби олии кишвар зиёд гардидааст. “Агар ин шумора дар соли 2017 34 фоизро ташкил медод, аллакай дар солҳои 2020-2021 он ба 46 фоиз баробар гардид”.

Воқеан ҳам, дар даврони соҳибистиқлолӣ занон тавонистанд, баъзе қолабҳои шахшудаи ҷомеаи анъанавиро убур ва аз он чаҳорчӯба худро берун кунанд ва тавонанд, дар партави истиқлолият баробари мардон қадам гузоранд. Ҳамин тариқ, бо боварии комил метавон гуфт, ки занону бонувони мо баҳри ободии кишвари азизамон, оромии ҷомеа ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон нақши пурарзиши худро мегузоранд. 
Фарзонаи Умаралӣ, "ҶТ"
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*