МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » ҶОН БА РОҲИ ВАТАН НИСОР МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?
16
сентябрь
2022

ҶОН БА РОҲИ ВАТАН НИСОР МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?

    ВОКУНИШ: Соҳиб шудан ба истиқлолият барои ҳар миллату кишвар кори осон нест, вале ҳифз ва таҳкими он мушкилтар аз он аст. Ваҳдат, пеш аз ҳама, ба инсонҳо умед мебахшад ва онҳоро ба оянда дилгарм месозад, ки ин заминасози талоши ҳамагонӣ баҳри ободии диёр ва фардои беҳтар аст.
  Ҷаҳони имруза ва вазъи марзбуда моро водор месозад то бетараф набошем баҳри амнияти ватан ва осудагии халқи азиз саф ба сафи ҳам кушиш ва  алайҳи гуруҳҳои бадхоҳ ва хоинону душманони ватан муборизаи пайваста барем. Душманони мо ки имруз мехоҳанд аз фурсат истифода баранд ва мардуми таҳҷоиро ба шур ангезанд набояд осудаашон гузорем. Ҳар як фарди ҷомеа бояд бедор шавад. Ва ба  мубориза баҳри амният ва тинҷии ватан талош варзад.
    Таърих гувоҳ аст, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ, зиддиятҳои маҳалгароӣ, таъсири терроризм ва экстримизми беруна боиси парокандашавии халқиятҳо, инчунин давлатҳо ва аз байн рафтани миллату нобудшавии қавмҳо гардидааст. Халқи шарафманди тоҷикро борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид кард, вале дар тӯли беш аз ҳазорон сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолият ва ягонагии миллию давлатӣ расид. Албатта, омӯхтани саҳифаҳои таърих, пастию баландиҳо, қаҳрамонию нокомиҳои гузаштагони халқи тоҷик барои ташаккули шахсияти ҳар як ҷавони имрӯза ва дар рӯҳияи ватанпарастӣ пос доштани ваҳдати миллӣ аҳмияти махсус дорад.
  Табиист ки дар ин вазият гуруҳҳои бадхоҳ бедор шуда бозиҳои худро оғоз карда байни мардум иғво меангезанд. Ва бархе аз мардуме ки саводи комил надоранд. Ва аз таълим дур мондаанд ба доми ин гуруҳҳо афтода ниятҳои нопоки онҳоро пиёда менамоянд.
Моро месазад имруз зиракии сиёсии худро аз даст надода ҳар чк вазъиятро пурра омухта баъдан бо ақли солим хулосабарори намуда амал кунем то бар нафъи худ ва атрофиён бошем.
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*