МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
22
февраль
2023

МАОРИФИ МИЛЛӢ ВА ШИНОХТИ ВОҚЕИЯТ

(Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов - «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» (Андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат), маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа”, № 1 (31), 2023)
 ШАХСИЯТИ ТАЪРИХӢ
 Таърих муътакид аст, ки тоҷикон дар ҳар давру замон бо бузургтарин ва донишмандтарин фарзандони барумандаш дар дили халқиятҳои гетӣ миллати дорои фарҳангу тамаддуни ғанӣ, соҳибмаърифату донишмандтарин халқияти нодири даврон дар тамоми зинаҳои ташаккули инсоният гунаи бесобиқае ҷой додааст. Ҳамин аст, ки дар эҳёи тамаддунҳои куҳан тоҷикон ҷойгоҳи ногузир доранд. Дар ин росто ёдовар шудан ба маврид аст, ки фарзандони ҷасуру ҳушманди ин миллат бо талошҳои хастанопазир ва ҷасорати беназир тавонистанд дар хотираҳои неки таърих халқиёте чун тоҷиконро шукуҳу манзалати ҳаётӣ бахшанд.
 Дар давраҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар фарзанди баруманде намунаи неруи Исмои лона ва хиради Курушӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистонро, ки дар марҳилаи сахтарини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба фаношавӣ оварда буд, дубора эҳё созад. Истиқлолияти комили Тоҷикистонро таъмин намояд ва ба дили миллати аз ҷанг захмдида шифо ва бо суханҳои устувору қавиашон умеди сабзидан бахшад. 
 Роҳбари хирадманду маорифпарвар аз аз аввалҳои роҳбариашон илму маорифро дар зинаи якуми сиёсати пешгирифтаашон қарор додаанд. Инро бешак метавон дар мақолаи «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад», ки муаллиф баъд таҳлилҳои тулонӣ ва унсурҳои амиқи донишандӯзӣ тавонистааст онро ба қалам биёрад, ёдовар мешавад ки: “Ҳамагон шоҳиди онанд, ки муносибати Пешвои миллат ба соҳаи илму маориф хосияти энсиклопедӣ дорад. Бурду бохт ва тақдири имрӯзу фардои давлатро, пеш аз ҳама, дар сатҳ, сифат ва самараи фаъолияти соҳаи маориф медонад”.
 Дар ҳамаи суханрониҳояшон Пешвои муаззами миллат таъкид месозанд, ки бояд саводнокгардонидани  ҷомеа аз хона сарчашма гирад ва ҳар падару модар баҳри донишазхудкунии фарзандонашон кӯшишҳои ҳамаҷонибаро роҳандозӣ намоянд. 
Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз пешниҳоди нодири Роҳбари давлат дар бораи озмунҳои ҷумҳуриявӣ то чӣ ҳад тавониста истодааст дар донишманд  гаштани ҷомеа нақши муассир бозад.  Баъд аз ширкат дар ин гуна озмунҳо иштироккунандагон ба омӯхтану аз бар намудани донишҳои муосири зарурӣ таассуроти нав мебардорад ва дар шинохти ҳувияти миллӣ андешаи дигар мебахшад. Талошҳои Пешвои хирадманду ҳушманди миллат дар бунёди давлати миллӣ равшан ба назар мерасад ва таъкидҳояшон баҳри он аст, ки насли имрӯзи миллат дар шинохти ҷаҳонбинӣ ва тақдиру ояндаи ин кишвар андешаи қавӣ дошта бошанд. Истиқлолияту сулҳу ваҳат ва суботи сартосарии кишварро пос доранд ва онро ба ояндагон мерос гузоранд. Ба ҳеҷ як суханҳо ва ақидаҳои нодурусти бадхоҳони миллат дода нашаванд ва дар шинохти ҳастию ҳувияти миллӣ андешаҳои устувор дошта бошанд.
ДАРКИ ҲАСТӢ ВА МАЪНАМИЁТИ МИЛЛӢ
Дар ҷаҳони имрӯз оид ба ҳастӣ ва дарки ҳувияти фардӣ  шинохти мардум пасмондатар ба назар мерасад. Андешаи солим ва қудрати инсонӣ дар тафаккури ҷомеа ҳануз ҳам амиқтар гардиш намехурад ва нисбат ба ин ҳиссиёти дуруст надоранд. Тавре муаллиф мақолаи мазкур, узви вобастаи АМИТ, профессор С. Ятимов ёдовар мешавад: “Бузургтарин фоҷеаҳое, ки дар тӯли асрҳо ба сари миллати тоҷик омадаанд, аз зарфияти камтарини дарки оммаи мардум дар қиболи воқеияти ҳастӣ сарчашма мегиранд. Одамон тақдири имрӯза ва фардои худро на ба қудрат, тавоноӣ, воқеият, имконоти инсонӣ, ҳолат ва вазъияти ақлонии мавҷудоти соҳибтафаккур, балки ба он тахминҳо ва ҷаҳонбиниҳое ҳавола мекунанд, ки аз доираи мавҷудоти моддӣ берунанд”.
Дар байни ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон зиёд маврид ба ақоиде рӯ ба рӯ мегардед, ки тамоман ҳамбастагӣ ба худшиносии миллӣ надоранд ва андешаашон дар шинохт ва дарки воқеият бо давлат якӣ нест.  Баъзан ба равандҳое донишандӯзӣ мекунанд, ки фаромили ақидаҳои миллатгароӣ дар он дида намешавад ва мағзу шуури худро бо ғалаттарин равандҳои барои ҷомеа хавфнок пур мекунанд. 
Хулласи калом, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба шинохти тамаддун ва гузаштагони худ таҳқиқи бештар дошта бошад, инчунин падару модарон, омӯзгорони ҳамаи зинаи таҳсилотро зарур аст, ки дар тарбияи насли наврас ва дуруст ба камол расидани онҳо заҳмати бештар намоянд. Ақидаву хаёлоти нодурустро аз мағзи онҳо тоза созанд ва ҳувияти фардию шинохти миллиро дар онҳо бедор намоянд.
Ф.Неъматзода-мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*