Дар ҳама фаслҳои сол инсон ба сайругашт дар ҳавои беғубор, нафаси тоза аз табиати атроф ва истироҳату фароғат ниёз дорад. Аммо сайру сайёҳат агар на бо нақлиёт, балки тавассути “аспи дучарха” сурат гирад, саёҳати мо беш аз пеш манфиатноку хотирмон ва ҷолибтар хоҳад шуд. Оре, сухан дар бораи велосипед аст, ки ба андешаи мо аз муҳимтарину самарабахштарин усулҳои вақтгузаронии фаъол маҳсуб мешавад.