МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
03
август
2022

АМНИЯТУ СУБОТ КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МОСТ!

Ҳаёти инсоният ва тақдири илоҳи зиндагии ҳар як инсонро бо сиришт ва аъмоли он аз рузи азал қалам зада мешавад ва ҳар як инсон дар руйи замин барои рисолате офарида мешавад ва ин бузургиятии инсонро бар дигар махлуқоти олам нишон медиҳад. Имруз бо амри тақдир ҷойгоҳу макони зисти халқиятҳои дунё на муқимист балки тағйирёбанда буда ҳар як инсон аз пайи дарёфти ризқу рузии хеш ва аҳли байташ дар курраи замин дар гардиш буда дар ҷойгоҳи барояш мувофиқ маскан мегузорад ва барои пешбурди зиндагияшон талош меварзад. Пушида нест, ки имруз қариб ду миллион аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнати дар Федиратсия Россия ва дигар давлатҳои пасошӯравӣ қарор доранд. Мутаасифона баъзе аз одамон чунин зиндагиро ба чизи дигар рабт медиҳад ва дар муҳоҷир шуданашон давлату ҳукуматро айбдор карда зиндагиро характери сиёсӣ мебахшанд. Нишондиҳандаҳои омори ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар курраи замин кам аст давлатҳое, ки муҳоҷир надоранд. Гап дар сари он аст, ки вақте аз ватан аз зодгоҳат дур рафтӣ аз як тараф аз пешрафту тарақиёти он бехабар мемонӣ аз тарафи дигар урфу одат ва характери бегона ё ба таври дигар менталитети мардуми таҳҷойиро қабул мекунад. Мутаасифона имруз мардуми мо ба ҳамин кор дучор шуда истодаанд. Дар тули солҳои соҳибистиқлоли Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бемайлон рушд карда тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ру ба беҳбуди ниҳода бо суръати баланд рушд карда истодаанд. Соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоят ба маротиб пеш рафта имкониятҳои васеъ баҳри таҳсил, кору фаъолият ва пешбурди зиндагии шоиста дар ҳудуди вилоятамон руйи кор омаданд. Агар мо сухан дар бораи ҳаёту фаъолияти си-солаи ҷавонони вилоятамон гуйем дастовардҳову имкониятҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳури фароҳамовардашуда бениҳоят зиёд буда фаъолнокии ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии ватанамон аъён ба назар мерасад. Сохта ба истифода дода шудани садҳо мактабҳои замонавӣ муҷаҳаз бо тамоми шароитҳои муосир барои таълим гирандагон, қасрҳои варзишу майдончаҳои варзишӣ ва дигар обектхои хусусияти иҷтимоӣ-иқтисодидошта кам нестанд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар базаи моддӣ, таълимӣ ва техникии тамоми муассисаҳои таълими дар қаламрави вилоят фаъолият дошта, бештар аз 80 фоизашон пурра навсозӣ гардиданд. Дар ин давра дар шаҳру деҳоти вилоят 193 бинои нави мактаб сохта шудаанд, дар шаҳри Хоруғ бинои Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат бо тамоми таҳҷизоти муосир ва хобгоҳи замонавӣ сохта шуд, ки имруз дар ин муассисаи таълими бештар аз 1000 нафар хонандагон нафақат аз шаҳру навоҳии вилоят балки аз дигар минтиқаҳои кишвар низ таҳсил мекунанд. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони нави бинои таълмии Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо маблағгузории давлатӣ идома дошта дар муҳлатҳои муқараршуда ба истифода дода мешавад.
Муҳаё гардидани шароити хуб барои таълим ба беҳтар гаштани донишу ҷаҳонбинии насли наврас таъсири хуб расондааст. Ҳамасола бештар аз 85 фоиз хатмкунандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хориҷи он дохил мешаванд.
Имруз зиёда аз 900 нафар ҷавонон дар Донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ мамлакат таҳсил карда истодаанд.
Бо дастури Пешвои миллат барои дастгири ва ҳавасмандгардонии ҷавонон дар даврони соҳибистиқлоли мамлакат як қатор имтиёзҳо аз қабили стипендияи Президентӣ, квотаи Президентӣ, стипендияи Раиси вилоят ва стипендияи Расиони шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил гардида ҷавонон дар самти илмомузи пайваста ҳавасманд карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2006 шумораи гирандагони стипендияи Президенти дар мактабхои тахсилоти хамагонии вилоят 16 адад ва маблағион 60 сомонӣ буд, ки ин шумора тули 15 соли охири соҳибистиқлолии ватани азизамон дар маҷмӯъ 390 нафарро ташкил дода аз соли 2021 бо дарназардошти ворид гардидани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 октябри соли 2017, №944 “Дар бораи таъсис додани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтдоӣ ва миёнаи касбӣ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, №508 “Дар бораи Низомномаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтдоӣ ва миёнаи касбӣ” аз 1 сентябри соли 2021 теъдоди гирандагони стипендияи Президентӣ аз 26 ба 81 адад ва маблағи он аз 460 сомонӣ ба 500 сомонӣ расонида шудааст.
Дар соҳаи маориф имруз 1452 ва дар соҳаи тандурустӣ 845 нафар ҷавонон шабонарузӣ барои Ватани азизамон софдилонаю содиқона хизмат карда истодаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки бо дастгири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъминоти шароити муосир барои тарбияи ҷисмонӣ бо истифодаи маблағҳои буҷетӣ давлатӣ дар қаламрави вилоят як қатор иншооти варзишӣ мавриди баҳрабардори қарор гирфтанд. Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ барои зиёда аз 6500 ҷойи нишааст ва варзишгоҳҳо дар марказҳои ноҳияҳои Ванҷу Роштқалъа, Маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ, Қасри варзиши дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Рушону Мурғоб бештар аз 30 толору майдончаҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ 403 иншооти варзишӣ, як маҷмааи варзишӣ 68 толори варзишӣ, 293 майдончаҳои оддии варзиши 11 варзишгоҳ, 3-то қасри варзишии «Вастан» дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон, сохта шуда инчунин 10 мактаби варзишӣ бо фарогирии 3648 нафар варзишгар, аз ҷумла 673 духтар дар ҳудуди вилоят фаъолият карда истодааст. Тазаккур бояд дод, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар варзишгарони вилоят тавонистан 3313 медалро дар маҷмуъ ба хазинаи дастовардҳои соҳаи варзиши вилоят ворид намоянд.
Ҳамаи ин таҳлилҳо барои онанд, ки бори дигар барои бародарони дар хориҷи кишвар қарордошта ёдрас намоем, ки ба ғайр аз онҳое, ки аз ҳудуди вилоят ва Ҷумҳури баромада ба кору фаъолият машғуланд ҳоло садҳо ҷавони дигар дар ҳудуди тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоятамон ба фаъолият, кору таҳсил, тиҷорат, сохтмон ва дигар корҳо машғул буда ҳамаруза барои пайдо кардани нони мехурдагии худ ва аҳлу оилаашон талош менамоянд. Бинобар ин ба сокинони вилоят дар хориҷи кишвар истиқомат дошта муроҷиат карда мегуём, ки ба ҳар гуна суханҳои бофтаи фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накарда зиндагии орому осудаи мардуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро халалдор насозанд. Бигзор хандаи кудакона ҳама вақт дар лабонашон ҳувайдо бошад, бигзор ҳаёти ҷавонии ҳазорҳо ҷавони дар вилоят қарордошта бегазанд бигзарад, бигзор давлатии пирии пирони рузгордида орому осуда аз сар гузарад, бигзор дигар ягон зан бе шавҳар намонаду ягон фарзанд бе падар, бигзор ҳама дар сулҳу ороми умр ба сар баранду зиндагӣ намоянд. Мо дигар намехоҳем бозичаи дасти гуруҳои манфиатҷу хоса намояндагони ҳизби терористӣ экстримистии наҳзати исломӣ бошему парокандаву сарсону саргардон бошем. Бо шукригузори аз амният ва сулҳу суботи саросари мехоҳем суханамонро ба итмом расонем ва бо дуои хонаободон ҳар рузу ҳар шом барои яко яки мову Шумо бародарони ҳамхуни мо ва бо умеди ҳамдигарфаҳмиву бародарӣ барои рафъи мушкилоти бавуҷудомада Худо ҳофиз. 

Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ Юсуф Асадбеков
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*