МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
03
август
2022

ПИСТАИ БЕ МАҒЗ АГАР ЛАБ ВО КУНАД...



Мо ҷавонони кишвар сипосгузорем, ки меҳани биҳиштосо Тоҷикистони азизамон таҳти роҳбарию роҳнамоиҳои падаронаи Пешвои Ваҳдатофару хирадмандамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ёфта дар фазои сулҳу субот умри осоишта ба сар мебарем.Пешвои миллат ҳифзу ободонии кишвар ва ба наслҳои оянда ҳамчун мерос гузоштани Ватани азизамонро масъулияти бузурги ҳар фарди ҷомеа ва ба хусус ҷавонони баномуси миллат хондааст. Аз ин ҷост, ки Ҷаноби Олӣ дар робита ба суханони мазкур чунин қайд намуданд: «Ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштани мулки мутамаддину пешрафта масъулияти бузург дошта, ҳар фарди бедордил, бахусус ҷавонони баору номусро водор менамояд, ки ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша кӯшишу талош намоянд».Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали сохибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин мухаббат, ғамхориву самимияти падарона ва меҳри кишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову мукаддасоти миллї афзун мегардонад.
Ҳамватанони мо ба хубӣ дарк намудаанд, ки имрӯзҳо баъзе аз ноҷавонмардон бо истифода аз лидергӯии худ даст ба амалҳои ноҷо мезананд. Албатта, ки ин рафтору кирдори худхоҳи онҳо дар чаҳорчӯбаи қонун набуда ба амалҳои ношоистаи худ ҷавоб хоҳанд гуфт. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳар кӣ ният ва нигоҳи бад сӯи ватан дорад ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки чунин шахсон на танҳо хиёнат ба падару модар балки ба ватану миллат ва давлат ҳисобида мешаванд. Шахсе, ки обод карда наметавонад бояд барои пешрафти давлату ҷомеа халал нарасонад.
Мардуми сарбаланди Тоҷикистон зарбаи сахти ҷангиро хурдааст ва ҳеҷ кадоми онҳо ҳатто он рӯзҳои баде, ки ба миён омада буданд ба хотир овардан намехоҳанд. Мақсад ва мароми мардум имрӯзҳо сулҳу субот буда, барои боз ҳам пешрафту обод гардидани ватанамон талош менамоянд, ки саҳми худро гузошта бошанд. Агар мо барои ободонии кишвар кӯшиш накунем наметавонем худро соҳибватан номид.
Ман итминон ва боварии комил дорам, ки барои пешбурди кору фаъолияти мамлакат мардуми бофарҳангу тамаддунофари Точикистон бештар саҳми боризи худро хоҳанд гузошт. Ва ҳамаи гуфтаҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ хоҳанд намуд.
Бетамизиҳои олам аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бе мағз агар лаб во кунад расво шавад.

МАРТАБА СУЛТОНЗОДА – КОРМАНДИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Меньше
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*