МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
16
сентябрь
2022

РОҲБАРИЯТИ ҚИРҒИЗИСТОН АЗ ҲАҚИҚАТ РӮЙ МЕТОБАД

         Воқеъаҳои рӯзҳои 14-16 сентябри соли равон, ки   дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон  ба амал омад ин натиҷаи  дасисаву бадгумониҳои бархе аз ашхоси манфиатҷӯ, инчунин иддае аз сарбозону шаҳрвандони маҳаллаҳои ҳаммарзи ҷумҳурии Қирғизистон бо кишвари мо  рӯ зад, далел бар он аст, ки онҳо бо рӯи кор гирифтани чунин кушишҳои  иғвоангезӣ худ танҳо як мақсад дорад ин ҳам бошад  ноором сохтану  теша ба решаи дӯстии ду  халқи бародар задан аст. Мутаассуф дар ин  даргириҳои марзӣ чанд  нафар сарбози мо аз ҷони ҷавони худ маҳруму беш аз 11 нафари дигар захм бардоштанд. Инчунин чандин манзилу дороиҳои мардум  ба нестӣ расид. Ва афсус, ки  ин ноҷавонмардиҳои ҷониби Қирғизистон онҳо аз воқеъаҳои мазкури соли гузашта, ки бояд барои  минбаъда    сабақ мегирифтанд, чизе наомӯхтаанд.   
          Аммо тавре   аз  рафти  воқеъаҳо ва суханрониҳои масъулони ҷониби қирғиз бармеояд ва  собит месозад, афсус, ки ҳастанд қувваҳое, ки оромию сулҳу субот ва пешрафти сулҳу салоҳро дар ин минтақа хостор нестанд. Аслан роҳбарон қирғиз дар мисоли Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дидаву дониста  сафедро сиёҳ нишон додаву оташи  ҷаҳлу кинаро  бармеафрӯзад. Тасдиқи  ин гуфтаҳоро мо қариб, ки аз навиштаву гуфтору таҳлили ин масъули  қирғиз бараъло мушоҳида мекунем.
      Таҳрифи факту далелу воқеъаҳо аз ҷониби ӯ мақоли «болои равған об рехтан»-ро ба ёд меорад.    Дар суханрониҳои   муғризонаи ӯ ба хабарнигорон  тавассути  ВАО , ки дар   сомонаҳои иҷтимоӣ дар шабакаҳои интернетӣ субҳи имрӯз пахш  гардид, маълум аст. Ки сухани ӯ саросар  туҳмату буҳтону таҳқиру дасиса   нисбат ба сарҳадбонону  миллати мо аст. Ӯ доимо ҳақиқатро яктарафа  баён дошта   иттилоотро туҳматомез ба манфиати кишвараш  пешниҳоди  хабарнигорон мегардонад.
        Тошиев, ки аслан аз  илми таърих бебаҳра аст ва ё  дониста мардуми қирғизро  ба гумроҳӣ мебарад. Аммо як чиз   равшан мешавад, ки   ӯ аз миллати Чингиз Айтматови  ҷаҳонӣ набудаву нест! Агар воқеан ҳам ӯ аз таърих огоҳ мебуд медонист, ки ҳафтпушти ӯ кӯчманчиву молдору  решаашон то ба куҷост. Пеш аз аз сухане гуфтану  ҳақиқатро баён намудан каме аз   таърих ва   каме аз гузаштаи миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик  меомӯхт. Зеро ҳанӯз ҳангоми низову  даргириҳои марзии соли гузашта   олими тоҷик Н.Нуров бо номи «Ҳақиқати бебаҳс: Ворух  меросе аз Ориё ва порае аз таърихи Тоҷикистон аст» равшан ба чунин масъулони қирғиз фаҳмонида дода буд, ки:«Ба миён омадани баҳси навбатии марбут ба Ворух ва масъалаи анклав будан, пешниҳоди иваз намудан бори дигар ин нуктаро равшан месозад, ки ҷониби Қиргизистон бо таассуф ҳамеша аз дарки ҳақиқати таърихи чандинҳазорсола фурӯгузорӣ мекунанд ва намехоҳанд, онро, ки дар саҳифаҳои китобҳои бузурги таърихӣ сабт шудаву ҳатто донишмандону ҷаҳонгардони хориҷӣ эътироф намудаву бар пояи он осори фаровони илмӣ, таърихномаҳо нигоштаанд, қабул кунанд. Ҳамин сарусадо, ки ахиран дар муносибат ба рустои Ворух баён гардид, бори дигар водор сохт, ки бо такмили ин матлаби қаблан нашршуда боз ҳам матолибе дар асоси навиштаҳои донишмандони хориҷӣ биафзоем, ки ҳамагӣ ҳақиқати таърихии яке сарзамини куҳани  Тоҷикистон будани Ворухро собит мекунад.»
Даҳҳо маъхазҳои таърихӣ ва таърихномаҳои сафаргардҳои  хориҷӣ, ки садсолаҳо  пеш  тасдиқи марбут ба Тоҷикистон будани Исфараву  Воруху чандин маҳаллаҳои дигар мебошанд маҷвҷуд аст. Афсус , ки Тошиеву дигар масъулону роҳбарони қирғиз нияти   омӯхтани чунин ҳақиқати таърихро надоранд.
 Ҳанӯз  соли гузашта   Даниил Кислов, мудири хабаргузории «Фарғона», дар шиддат гирифтани вазъ роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистонро масъул мешуморид. Ӯ дар матлаби таҳлилие таҳти унвони «Мушкилот танҳо дар харита нест» навишта буд
, ки  «амалҳои популистӣ ва кӯтоҳандешии мақомоти Қирғизистон боиси ташаннуҷи вазъ ва талафоти ҷонӣ аз ҳар ду ҷониб гардид. Мақомот дар моҳҳои охир гурӯҳи «инқилобӣ» - е алайҳи Тоҷикистон созмон дода, худ боиси даргирӣ шуданд. Вале имрӯз мансабдорону расонаҳои ин кишвар талош менамоянд, ки Қирғизистонро мазлум ё аз ҷониби Тоҷикистон таҷовузшуда муаррифӣ намоянд. Агар занҷири рӯйдодҳои қаблиро таҳлил намоем, ҳама чи ошкор аст ва зимни омӯзиши масъала ман ба хулосае омадам, ки роҳандозии низои мусаллаҳона ба дӯши Қирғизистон мебошад». 
Ана ҳамин аст ҳақиқате, ки  чанд сол боз роҳбарияти Қирғизистон онро  эътироф карданӣ нестанд!
Низомиддин Шамсиён.
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*