21
апрель
2021
"МУҲАММАДИҚБОЛ ДАР ЧАШМИ МО ҲАМЧУН ХОИН БА ИН ВАТАН"

Реша дар хоки Ватан кун, то бисабзӣ чун дарахт,
Бод аз оворагардӣ хокбарсар мешавад.
Ифротгароӣ! Бале мехоҳам фикрамро маҳз аз ҳамин мафҳум, ки сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳои мардуми бегуноҳи манотиқи гуногуни олам гаштааст, ҳусни оғоз бахшам.
Сараввал, иброз бояд дошт, ки ифротгароӣ дар кадом шакле, ки набошад диннӣ ва ё дунявӣ, онро на мардуми мо ва на каси дигаре қабул нахоҳем кард, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақаи тамоми ҷаҳон аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, он бояд объекти таваҷҷӯҳ ва омӯзишии ҳамешагӣ қарор гирад, махсусан аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар як шаҳрванди қаторӣ.
Чи тавре, ки қайд кардем ба муқобили ифродгароӣ бояд ҳам ҷомеа ва ҳам давлат мубориза баранд. Мо ҷавононро лозим аст, ки ба хотири истодагарӣ намудан дар муқобӣли чунин падидаҳои номатлуб аз ҳамон мафҳуми пур маънии "Зиракии сиёсиро аз даст надиҳед" истифода бурда, пайваста сатҳи дониши ҳуқуқии худро баланд созем, бо ёрии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори умум бар зидди ифродгароӣ ва ифротиҳо муборизаи беамон барем. Оре, зарурат дар ҷомеаи тоҷик баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-ҳуқуқӣ муҳим аст. Дар ин сурат мардум метавонад бо дарки масъулияти баланд дар таъмини амнияти кишвар саҳми арзандаи худро гузорад. Фазои ҳуқуқӣ ва иттилоотии кишвар набояд холӣ бошад, зеро аз он истифода бурда, хиёнаткорну бадбинони миллат маккорона ба ин фазои тинҷу ором халал ворид месозанд.
Чандест, ки "Падидаи" дигаре бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки исмаш аз ду шахсияти бузург таркиб ёфтааст, бо суханҳои пучу подарҳавои худ боз мехоҳад, ки бо фармоиши хоҷагони худ вазъи сиёсию иттилоотии кишварро аз нигоҳи худ дигаргун созад. Ҳол он, ки додситони кулли Тоҷикистон Муҳаммадиқболи Садриддинро, ки сардабирии сомонаи "Ислоҳ"-ро ба уҳда дорад, ба қалобӣ муттаҳам карда мавриди кофту ков қарор додааст.
Ҳеҷ амали ҷинояткорона беҷазо намемонад. Чи тавре, ки аз хабарҳои чархзананда дар шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ ҳастем, Муҳаммадиқболи Садриддин як чеҳраи шинохтаи олами ҷиноӣ шинохта шудааст. Аз шарҳи ҳоли Муҳаммадиқбол бар меояд, ки ӯ низ дар сиёсӣ кардани дини поку беолоиши Ислом даст дорад ва дар валангор кардани вазъи сиёсию тамомияти арзии кишвари озоду осудаи мо яке аз нақшҳои марказиро бозиданист.
Муҳаммадиқболи Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро сафед карда, бо ифтихор аз гузаштаи худ меболад ва бо фирор кардани ӯ гӯё миллати мо як олими шинохтаро аз даст дода бошад.
Албатта, сарпечида наметавонед барои он, ки аз сарпарастони хориҷии худ маблағи ҳангуфт шояд дарёфт кунед. Дониста бошед, ки шуълаи он шамъе, ки шумо ба мислаш сӯхтанӣ ҳастед абадӣ фурӯзон нест ва албатта барои доимӣ хомӯш хоҳад шуд. Ба ин Ватану ба ин сарзамини Миллати осудаю тамаддунофар ҷиҳати ноором сохтани вазъ касе роҳ нахоҳад ёфт. Бас аст аз бурун ба хонаи худ ба сари падару модар ва ёру бародари худ санг андохтан.
Некрузи Хайрулло - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ