29 апрель 2021 0 1 2 3 4 5 ҚИРҒИЗ – ЗАМОНИ КУЧМАНЧИГАРӢ ГУЗАШТ ДИГАР НАМЕТАВОНЕД, ҲАР ТАРАФЕ, КИ ГУСФАНДОН РАВАНД АЗ ҚАФОЯШ РАФТА ЮРТАИ ХУДРО НАСБ КУНЕД! ВОКУНИШ. Дирӯз бо шунидани хабари ҳамлаи марзбонони қирғиз ба ҳудуди Тоҷикистон мардуми Тоҷикистонро сахт хашмгин кард. Чунин амалҳо ва бемурувативу рафторҳои номуносиби қирғиз дар масъалаҳои марзи мардуми Тоҷикистонро ба шӯр оварда, сабри ин миллати куҳанбунёдро лабрез кардааст. Бояд бо онҳо ҷавобҳои дандоншикан дод.Тоҷикон аз қадимулайём дар муносибат бо ҳамсоягон дӯстиву рафоқат ва ҳамзистиро авлотар медонистанд ва медонанд. Аммо вақте гап сари якпорчагии Точикистон ва ғасби марзҳои Ватан меравад, инҷо кор тамоман ранги дигар мегирад, чунин амал ҳар як тоҷику тоҷикистониро бе тараф гузошта наметавонад. Ин хоки Ватани мо аст, дуруст дарк мекунем, ки давлатдори кардан чӣ ҳасту ин хок барои мо чӣ аҳамият дорад. Ҳар як ваҷаб марзу буми Ватан бароямон муқаддас ва бузургтарин арзиш аст ва барои ҳимояи он ҷонро дареғ намедорем. Ин заминҳо аз бобову бобокалонҳоямон мондааст, бояд ҷониби қирғиз ба даъвоҳои бе мантиқу бе асос ва ба хушунату муноқиша хотима дода, заминҳое, ки ба иҷора гирифта буд баргардонад в-агар на ин миллат ҷавобҳои аз ин маротиба ҷиддитар медиҳад... Тоҷикон садсолаҳост муносибати дӯстона доштанро тарғибу ташвиқ мекунанд, аммо солҳои ахир мақомоти қирғиз аз таҳамулгароии тоҷикон суйистифода намуда, мехоҳанд бо аз худ донистани қисми марзи Тоҷикистон муноқишаҳои сарҳадиро роҳандозӣ карда истодаанд. Ҳоло он, ки дар ҳуччатҳои таърихии тақсимоти марзии солҳои 1924-1927 хати марз муайяну мушахас гардидааст.Мавриди зикри хос аст, ки мардумони кунунии минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳарвақта дида, бештар ба рафоқату ҳамзистӣ ва дӯстӣ ниёз доранд. Тоҷикистон ҳаргиз ҷонибдори ҷанг нест ва намехоҳад бошад, аммо дар ҳолате, ки якум шуда, қирғизҳо ҷониби мо оташ кушода, ба ҷанг шурӯъ кардан ин ба давлату миллати тоҷик ҳақ медиҳад, ки барои ҳар як қатраи хуни миллат, барои ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Ватан тамоми Қирғизитонро нест кунем. Инро бояд қирғизҳо дуруст дарк кунанд. Дар асоси маводу ҳуҷҷатҳои таърихӣ, қарорҳои қабулгардида ва комиссияҳои паритети аз солҳои 1925, 1936, 1969, 1989 собит менамоянд, ки бародарони қирғиз қарори Президиуми ВЦИК (Комитети Иҷроияи Марказии Умумироссияги)-ро аз 4 майи 1925 ва қарорҳои минбаъда дарҷ гардидаро оиди дурустии кори комиссия дар масъалаи сарҳад эътироф намекунанд ва қотеъона қарорҳои яктарафа қабулгардидаи солҳои 1958-1959-ро дархост мекунанд, ки ин асос надорад.Суоле пеш меояд, ки қарори яктарафа қабул гардида аз солҳои 1958-1959 барои қирғиз чи аҳамияти хоса дорад?Тибқи санадҳои таърихии соли 1958, аз ҳудуди Хуҷанд 56 ҳазор га, Конибодом 10,8 ҳазор га ва аз Исфара 32.780 га замини Тоҷикистон ба қирғизҳо ба иҷора ба муддати 25 сол дода мешавад. Соли 1958 аз марзи колхози ба номи «Калинин», чамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара 144 ҳазор га замин аз ҳисоби заминҳои дар мавзеи Работ буда, то Кони-Ғут, ки яке аз конҳои қадима буд, ҳамчунин дар назди он бинои касалиҳои рӯҳи ва гӯсфандшӯяки колхози Калинин ҷойгир шуда буд, ба қирғизҳо ба иҷора дода мешавад.Ҳамин тариқ аз соли 1958 то 1962, аз ҳисоби заминҳои чарогоҳии Исфара 32780 га замин ба марзи Қирғизистон ба иҷора дода мешавад. Дар ин раванд мероси бойи ниёгон бошишгоҳҳои қадимаи точикон Хоҷа-Ғор, ки академик Бобочон Ғафуров дар китоби худ «Тоҷикон» маълумот дода навиштаанд: «Дигар ёдгории палеолити боло, ки бо номи Хоҷа-Ғор машҳур буда, дар водии хурди силсилакӯҳи Туркистон, дар назди Чоркӯҳ воқеъ аст. Ин ёдгори ба охири палеолити боло тааллуқ дорад. Эҳтимол меравад, ки одамон дар ин ҷо 15-12 ҳазор сол пеш аз ин, яъне дар аҳди кунунии геологи зиндагонӣ кардаанд» (Ғафуров Б. «Точикон». Душанбе, «Ирфон-1983, саҳ. 17»).Ин далелҳо гувоҳи онанд, ки гузаштагони тоҷикон аз ҷое наомадаву маҳз дар ҳамин сарзаминҳои бобоӣ ба олами ҳасти чашм кушода рушд намудаанд. Ҳамчунин, мавзеи Хоҷа — Ғор яке аз бошишгоҳҳои қадимаи тоsикон буда, дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун маскани бобои дар идҳои «Наврӯз» ва дигар чашну маросимҳо барои сокинони ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва мардуми Исфара макони сайру сайёҳат, чашнҳои миллӣ буданд. Ин мавзеъ аслан дар асоси васиқаҳо ба сокини ҷамоати Чоркӯҳ Мулло Абдураҳмон Махсум ва фарзандони он кас Мулло Турсунбой-махсум тааллуқ дорад. Дар паҳлӯи чапи Хоҷа-Ғор мавзеи чарогоҳии «Ғозник» (Сайдгоҳ) ва дар паҳлӯи рости он мавзеъҳои чарогоҳии Кин-кон, Ҳоитак, Исковут, Сафедорак, Бедак, дар доманаи кӯҳи сарбафалаккашидаи Сари-сорт (Сарасво(а)т), ки ба маънии «тачасумкунандаи об» ва дар қуллаи он «Ҳамворӣ» омадааст, воқеъ гардидааст.Аз солҳои 80-ум баҳри ҳифзу ҳимояти ин катибаҳо бо воситаи Вазорати фарҳанги Чумҳурии Точикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон мурочиат карда шуд, аммо ба он мактубҳои изтиробӣ Ҳукумати Қирғизистон аҳамият надод.Хулоса, қарори Президиуми ВЦИК-ро аз 4 майи 1925 (ЦГАОР СССР, фонд 336,описи 19, ед хр.297.л.87 бо имзои котиби ВЦИК Кисилёв) ва қарори Машварати Президиуми ВЦИК РСС Ӯзбекистон аз 29.09.1925 (ЦГАОР СССР, фонд 336,описи 19, ед хр.297.л.43) ҳуҷҷати асоси барои баҳсҳои сарҳадии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон буда, қарори комиссияи паритети аз соли 1958 барои Тоҷикистон асоси хуқуқӣ надорад. Дар асоси тақсимоти сарҳадии байни Қирғизистон ва Тоҷикистон аз солҳои 1924-27 Исфара 90.000 га чарогоҳ дошт. Аммо аз соли 1958 оғоз намуда, оҳиста — оҳиста 32,780 га чарогоҳҳои Исфараро қирғизҳо ғайриқонунӣ ғасб намуданд. Айни замон, қирғизҳо бидуни ягон далелу санад ҳадди хати муайяни сарҳади Исфараю Бодкон ва қисматҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро чун мулки бобоии хеш даъвогарӣ доранд ва пайваста роҳи Ворухро мебанданду Ворухро дар анкалав “инзиво” қарор додаанд, вақтҳои охир онро азони худ дониста истодаанд. Ин хилофи манфиатҳои миллии мо мебошад.Замони кучманчигарӣ гузашта рафт, дигар он замон нест, ки ҳар тарафе гусфандон мерафтанд, қирғизҳо низ аз қафояш рафта юртаи худро онҷо насб кунанд. Аз ин хотир ба қирғизҳо тавсия медиҳем, ки юртаи худро дар хоки худатон насб кунед! Ворух ва Чоркуҳ қисме аз хоки Ватани маҳбуби мо буда, пораи тани ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Мо ҳаргиз намегузорем, ки ба заминҳои мо бегонае дастдарозӣ бикунад. Лозим ояд дар як шаб тамоми қирғизистонро мегирем, инро бояд қирғизҳо донанд. Мо хун медиҳему, аммо хок намедиҳем...!Шаҳбози Искандар, таҳлилгари сиёсии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон.