МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » ҲИФЗИ ЯКПОРЧАГИИ ХОКИ ВАТАН АЗ ҲАМЛАИ ДУШМАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ТОҶИКИ БАНАНГУ НОМУС АСТ!
30
апрель
2021

ҲИФЗИ ЯКПОРЧАГИИ ХОКИ ВАТАН АЗ ҲАМЛАИ ДУШМАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ТОҶИКИ БАНАНГУ НОМУС АСТ!

ВОКУНИШ: Таҷрибаи башари собит месозад, ки ба озодии комил ва Истиқлолияти давлатӣ расидани ҳар як миллату давлат бе ба даст овардани ваҳдати миллӣ, мутаҳидии мардум дар атрофи роҳбари сиёсӣ, якдигарфаҳмӣ, меҳр ба Ватану сарзамини худ номумкин мебошад. Миллати тоҷик, бо инқадар донишу фарҳанги волояш ва тамаддунофарияш ҳазор сол аз давлатдории миллӣ бе насиб монд. Дар ин мудат зери шиканҷаи бегонагон қарор гирифт. Лекин фарҳанги волои миллат, таҳти сарварии фарзандони содиқи Ватан тавонист, ки тоҷикро ҳамчун миллати соҳибватан то имрӯз нигоҳ дорад.

Донистану омӯхтани рукнҳои Ваҳдати миллӣ барои насли имрӯзу фардои Ватан бояд муқаддасу ҷовидонӣ бошад. Хушбахтии ин миллату ин сарзамини биҳиштосо буд, ки бо амри тақдир аз рӯзҳои аввали Сарвари давлати тозабунёди Тоҷикистон интихоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқии худро ба савгандҳои хурдааш дар назди халқу миллат собит намуд.

Аммо душманони миллати тоҷикро ин мутаҳидиву сарҷмии миллат дар атрофи Пешвои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташвиш овардааст. Онҳо ҳатто дар ҳолате, ки миллат дар вазъияти ҷанг бо кишвари ҳамсоя- қирғизистон қарор дорад, ба ҷойи даъвати мардум барои ҳимояи марзу буми кишвар, баръакс мардумро ба дассисаву киноя ва нифоқ даъват доранд. 

Ин нотавонбинон ба монанди ТТЭ ҲНИ ва гурӯҳи 24, ки бо тарҳу барномаҳои муғризона мехоҳанд Тоҷикистонро боз мисли солҳои навадум ба майдони хунрезиҳо табдил диҳанд. Аъзои ТТЭ ҲНИ ва роҳбарашон Кабирӣ хуб медонанд, ки гуноҳашон дар назди миллат хеле вазнин аст. Бинобар ин, ба хотири ҷуброни маблағҳои аз хориҷа ба даст овардааш Кабирӣ маҷбур гаштааст, ки дар байни баҳри беканори хиёнат дасту почак занад.

Мардуми Тоҷикистон ба ҳадафу ниятҳои нопоки ТТЭ ҲНИ хуб ошно гашт ва пайомадҳои талхи онро дар солҳои навадум дид. Маълум гашт, ки онҳо ба ҳалқ ба ҷуз бадбахтӣ ҳеҷ чиз дода наметавонад. Аз аввали таъсиси ин ҳизб то имрӯз дастпарварони ТТЭ ҲНИ бештар ба дигар мазҳабҳои тундрав гаравиданд. 

Солҳост шоҳидем, ки дар давлатҳое, ки ҳизбҳои динӣ бо мазҳабҳои худ фаъолияту талоши ба сари қудрат расиданро доранд, дар он давлатҳо фақат кашмакашиву ихтилофҳо ҷой доранд. Шаҳрҳо хароб гашта, одамони бегуноҳ кушта мешаванд. Дасту почакзаниҳояшон ба ин ҷо расидааст, ки ТТЭ ҲНИ аз ҳисоби як зумра раҳгумзадагони дигар аз аврупо суи Ватан санг партофтаистодаанд. Аммо ҳама аз ин ҳиллаҳои ТТЭ ҲНИ огоҳанд. Бо ин равиши аввомфиребонаашон барои ба руи мардум хок пошидан зуд зуд анҷуману созмонҳои дурӯғинро таъсис медиҳанду аз хоҷагон пул мегиранд. 

Таърих ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Ҳар инсоне, ки тафаккури солим дорад, ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои фоҷеабори миллатро фаромӯш намекунад.

Наҳзатиҳо ҳоло ҳам беватан дар хориҷӣ кишвар пуштибони аз Исломро шиори худ намуда, мехоҳанд таҳти ҳамин шиор тоҷикону тоҷикистониёнро бадном намояд ва аз ин ҳисоб соҳиби маблағу сарпаноҳ гашта, ҳаёт ба сар барад.

Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик, хусусан Ворух бо сарбозони шуҷои Ватан алорағми иғвову дассисаҳои наҳзатиҳо, сарбаландона хоки муқаддаси Ватан ва домони поки модари тоҷикро аз ҳамлагарони қирғиз озод карданд.

Фикр мекунам мардуми Тоҷикистон дигар ҳушёру зирак шудаанд ва дуруст дарк мекунанд, ки ин миллат баъди 1000 соли бедавлатӣ, 1000 соли ранҷу азоб, 1000 соли дар ба дарӣ дубора соҳиби давлати миллӣ гардидааст ва то чи андоза арзишманд будани ин дастовардро хуб мефаҳманд ва барои ҳифзи якпорчагии марзу буми Ватани хеш ва пойдории давлатдории миллӣ ҳамеша омодаанд ҷони худро ҳамчун фидоии ин роҳ мебошанд.

.


Шаҳбози Искандар, 

таҳлилгари сиёсии 

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*