МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
16
апрель
2021

ВОРУХ ИВАЗНАШАВАНДА АСТ!

Посухе, ки ба пешниҳоди ҷониби Қирғизистон нуқта гузошт

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон изҳор доштааст, ки ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, қаламрави Ворухро ба онҳо бидиҳанд ва дар иваз 12 ҳазор гектар замини Қирғизистонро аз Ботканд бигиранд.

Ин суханонро ӯ зимни як нишасти хабарӣ гуфтааст: “Масъалаи асосӣ Ворух аст. Мо бар асоси қонун, сарҳадҳои Ворухро андоза мегирем, то бузургтар нашавад. Вале аз тариқи қаламрави худ ба онҳо фақат барои истифода як роҳ медиҳем, то гузашта тавонанд. Пешниҳоди дуввум сахттар аст. Мо омодаи иваз кардани Ворух ҳастем. Агар онҳо ин қаламрави бо масоҳати 12 ҳазор гектарро ба мо диҳанд, мо омодаем, 12 ҳазор гектар аз дигар ноҳияҳои вилояти Боткандро ба онҳо диҳем. Мо ҳатто феҳрасти ин қитъаҳоро ба онҳо додем, вале тарафи Тоҷикистон ҳоло ба мо ҷавоб надодааст”.

Ӯ ҳамзамон дар бораи қочоқи мол аз марзи ду кишвар гуфтааст, ки то замоне, ки масоили марзӣ бо Тоҷикистон ҳал нашавад, қочоқ ё воридоту содироти ғайриқонунии мол аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва ё баръакс манъ карда мешавад.

ВОКУНИШИ ШАДИДИ ҶОМЕАИ ТОҶИК

Ин пешниҳоди ҷониби Қирғизистон боиси вокуниши шадиде миёни ҷомеаи тоҷик гардид. Бархе аз мансабдорони собиқу зиёиён ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ муқобили табдили Ворух ба Қирғизистон садо баланд карданд.

Аз ҷумла, Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатномаи худ ба мардуми Тоҷикистон изҳор доштааст, ки Ворух ҷузъи ҷудонопазири Тоҷикистон аст. Дар ин муроҷиатнома изҳороти ахири раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бемаврид ва бебунёд арзёбӣ гардидааст.

ҲДТ яке аз омилҳои шиддат гирифтани баҳси расонаии марзӣ бо Қирғизистонро дар изҳороти бемаврид ва бебунёди раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар бораи иваз кардани минтақаи Ворухи Тоҷикистон мебинад.

Бино ба муроҷиатномаи ҲДТ, солиёни зиёд ва бахусус, дар даврони нооромиҳои солҳои баъдӣ сокинони Қирғизистон дар баъзе аз ин мавзеъҳо манзили зист сохтанд, ки мухолифати мардуми соҳибзамини тоҷикро ба вуҷуд овардааст. Ҳамчунин ҳукумати Қирғизистон якҷониба баъзе аз ин замину минтақаҳоро ба харитаи худ дароварда, имрӯз даъвои марзӣ мекунад.

Ин изҳороти намояндаи воломақоми Қирғизистон, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифиро бетараф нагузошт. Ӯ гуфт, Ворухро ҳеҷ гоҳ Тоҷикистон иваз нахоҳад кард.

“Бар асоси бархе санадҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофӣ қаламрави Ворух ҳеҷ гоҳ анклав набудааст ва танҳо замони шӯравӣ бархе кӯчманчиёни қирғизро ба чарогоҳҳои Тоҷикистон роҳ дода буданд, ки баъдан дар он ҷо маскун шудаанду дар ҳамдигарфаҳмӣ бо бародарони тоҷикашон иқомат кардаанд”, - таъкид намуда буд, ӯ.
Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос ва ходими илмиву ҷамъиятии Тоҷикистон дар посух ба пешниҳоди ҷониби Қирғизистон ба Амит Ховар гуфтааст, ки “аз нуқтаи назари миллӣ ва ҳатто стратегӣ Ворух набояд ҳеҷ гоҳ объекти мубодила бошад”.

Сиёсатшинос гуфтааст, ки ҷамоати Ворух бо заминҳои дашту биёбон баробар ва қобили муқоиса ҳам нест.

ҶОНИБИ ҚИРҒИЗ ЧӢ ҲАДАФ ДОРАД?

Дар пайи нофаҳмиҳое, ки миёни сокинони Ворух ва ҷониби қирғиз мешуд, то ба ҳол чунин пешниҳод аз ҷониби Қирғизистон ба Тоҷикистон нашуда буд. Вале имрӯз, ки ҳукумати нав сари қудрат омад, чунин пешниҳодҳо ба миён омаданд. Ҳадафи ҷониби Қирғизистон дар чист? Аз ин пешниҳодоти худ чӣ интизорӣ дорад?
Дар ин маврид Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ки яке аз ҳадафҳои роҳбарияти нави қирғиз ин аст, ки мавқеи худро дар дохили кишвараш устувор гардонад. Зеро нав ба сари қудрат омадаанд ва ба ҳарчи зудтар баланд бардоштани нуфузу обрӯи худ миёни ҷомеа ниёз доранд.

“Азбаски ҳал кардани масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хеле душвор аст, роҳбарияти нав аз паи корҳои дигар шуданд. Шояд гумон доранд, ки масъалаи низои байнисарҳадиро метавон тез ва осон ҳал кард ва ба ин роҳ обрӯи ҳукумати навомадаро якбора афзоиш дод,- мегӯяд, коршинос.

- Ҳукумати Тоҷикистон ин пешниҳодро пазируфта наметавонад, чунки ин амал ҳамчун шикасти сиёсӣ ва геополитикӣ арзёби мешавад. Аз сӯи дигар, ҳарду пешниҳоде, ки тарафи Қирғизистон кард, амалинашаванда мебошанд. Яъне, дар амал иҷро кардани ҳарду варианти пешниҳодшуда қариб имконнопазир аст,- илова намуд, П. Муллоҷонов.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ВОРУХ ИВАЗНАШАВАНДА АСТ!

Дар ҳамин ҳол, як изҳороти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Ворух посухи хубе ба ҷониби қирғиз буд, ки ба пешниҳоди ҷониби Қирғизистон нуқта гузошт. “Як нуктаи муҳими дигарро низ таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад”,- гуфт Президенти кишвар ҳангоми вохӯри бо сокинони Ворух.

Ҳамзамон Пешвои миллат таъкид намуд, ки масъалаҳои марзӣ мураккаб буда, бартараф намудани он вақтро тақозо мекунад.

“Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёдро тақозо менамояд. Табиист, ки чунин баҳсҳо бояд бо дарназардошти манфиатҳои дуҷониба ва дар заминаи асосҳои ҳуқуқии тасдиқшудаи тарафҳо ҳаллу фасл шаванд”.

Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад.

Президенти кишвар бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух муроҷиат карда, онҳоро даъват менамояд, ки бо ҳамсояҳо дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, босабру таҳаммул бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мегардад.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале қисме аз он солҳост, ки аломатгузорӣ нашудааст. Ин аст, ки миёни сокинони ду тараф аз боиси роҳу чарогоҳ ва обу замин нофаҳмиҳо сар мезанад.
Фарзонаи УМАРАЛӢ, "ҶТ"
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*