МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
05
май
2021

ҲАМСОЯИ НАЗДИК АЗ ХЕШИ ДУР БЕҲ..

Ё ҲОДИСАИ ТИР ХОЛӢ КАРДАНИ ҲАМСОЯ БА СӮИ СОКИНОНИ БЕСИЛОҲ (ё чи тавр низоъ сар зад?)
Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.
                 Моддаи 7-и Конститутсияи Тоҷикистон
Санаҳои 28-29 апрели соли равон дар нуқтаи тақсимоти оби “Головной”–и минтақаи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон низои навбати рух дод. Дар натиҷа аз ҷониби ҳамсоя аввал ба самти тоҷикон санг ва сипас аз тарафи сарҳадбонони қирғиз ба суи мардуми оддӣ (бе силоҳ) тир холи карда шуда, чанд тан аз сокинони осоишта маҷрӯҳ гардиданд. Воқеан, ин амал бори дигар собит сохт, ки ҳамсояи мо нияти бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл намудани масъалаи делимитатсия ва деморкатсияи сарҳади давлатиро надорад ва бо ҳар баҳонаи ночиз вазъиятро ба низоъ кашиданист.
Ҳолати ба амаломада натиҷаи сиёсати пешгирифтаи ҳукумати ҳамсоякишвар буда, аз рӯзи аввали ба сари қудрат омаданаш (ҳамаи мо шоҳиди ҳол ҳастем, ки чи гуна ба сари қудрат омаданд) сиёсати иғвоандозиро пеша намуда, ҳолати ногуворро на танҳо дар роҳи гуфтушуниди Тоҷикистону Қирғизистон, балки байни Қирғизистону Ӯзбекистон ба амал овард. Аз кутохандешии кирғизхо гуруҳҳои сеюм мохирона суистифода мекунанд. Ин ҳолатро аз чанд инкилоб, ки тайи чанд соли охир батакрор дар ин кишвар рух медиханд, ба хуби мушохида карда метавонем. Маьлум аст, ки дар казияи баҳси марзи низ амалан дасти сеюманд. Чун хукумати хамсоякишвар ба идоракунии мардумаш кодир нест, неруҳои сеюм бо пиёда сохтани манфиатхои худ халқи кирғизро "рахнамо"-янд. 
Бояд тазаккур дод, ки масъалаи марбут ба сарҳади давлатиро дар як-ду рӯз ҳал намудан ғайриимкон аст. Ин аст, ки ҳайати гурӯҳи корӣ марҳила ба марҳила ин масъаларо мавриди муҳокима қарор дода, давра ба давра ҳаллу фасл намуда истодаанд. Аммо ба назар мерасад, ки гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатҷӯ тамоми қувваи худро равона намуда истодаанд, ки ҳарчи бештар низоъ дар сарҳад рух дода, талафоти ҷонӣ зиёд гардад. 
Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дар тӯли хастии чандҳазорсола ҳамчун халқи сулҳҷӯ эьтироф шуда, боре ҳам ба сӯи ягон давлат лашкар накашидааст. Вале сабру таҳаммул ҳам интиҳо дорад. Ин маротибаи аввал нест, ки сархадбонони кирғиз ба суи мардуми бегунохи марзнишини точик тир холи мекунанд. Тайи солхои охир даҳҳо нафар, аз ҷумла, кӯдакони мо қурбони дасисахои онхо шуданд. Бо вуҷуди хамаи ин мардуми мо тахаммулпазириро пеша карда, ҳамеша мекушад мушкилот ба таври мусолиҳаомез халлу фасл шавад. Чанде пеш хини сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба тахаммулпазирӣ даьват карда, эҳтирому эьзози хамсоягонро талкин карданд. Мардуми мо маколе дорад, ки хакки хамсояро ба хакки худо баробар медонад ва амалан низ ин шиори халки тоҷик аст. Аммо чунин менамояд, ки ба хамсоягони мо чунин меъерхо арзиш надорад. Ва аз сабру тахаммул, дурбиниву дурандешии тоҷикон суистифода мекунанд. 
Хуб, чиро бояд барои худ ҳамчун ибрат аз ҳолати ба амаломада гирем? 
-  сохторҳои қудратӣ дар амал нишон доданд, ки пурра барои ҳифзи марзу буми кишвар омода ва ба савганди худ содиқанд;
-  сокинони кишвар сарҷамъу муттаҳид ва шикастнопазиранд (ба ҷои ҳодиса аз тамоми минтақаҳои кишвар сарҷамъ омаданд, то ки дифоъ аз сарзамини биҳиштосо намоянд);
-  ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз ватану миллат ва садоқати сокинони назди сарҳадӣ дар сатҳи баландтарин қарор дорад;
-  аз хурд то бузург ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надодаанд;
Кулли мардуми шарифи кишвар хуб дарк мекунад, ки бо баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷик ба ҷанги шаҳрванди мубтало шуд ва хисороти аз ҷанг ба амаломадаро хуб дар ёд дорад. Тамоми сокинони кишвар тарафдори сулҳу оромӣ ва зиндагии шоиста бо ҳамсоягон мебошанд. Аслан, бояд қайд кард, ки мо бо эҳтиром ба тамоми сокинони сайёра, алахусус ба ҳамсоягони худ муносибат дорем ва тамоми чораҳои заруриро ҷиҳати вобаста ба рух надодани чунин ҳолат дар оянда роҳандозӣ менамоем, аммо дар сурати зарури то охирон қатраи хун дар дифои кишвар сар ба сар, тан ба тан саф мекашем. 
Бо умеди сулҳ дар тамоми ҷаҳон!!!
Муовини раиси филиали 
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 
дар вилояти Суғд           
Фирдавс Фахриддинзода
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*