МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРӢ БА БЕҲТАРИНҲОИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ДАР СОЛИ 2020
13
январь
2021

МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРӢ БА БЕҲТАРИНҲОИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ДАР СОЛИ 2020


Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9 январи соли равон дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе, маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2020 аз рӯи 20 наминатсия баргузор гардид.
Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сатториён Матлуба Амонзода, Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ҷиҳати тақдими ҷоизаҳо ба беҳтаринҳои соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.
 Бояд қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли наврасу ҷавон ва рушди варзиш беназир буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳсил, истироҳату донишандӯзии наврасону ҷавонон ва омода намудани варзишгарони касбӣ бо истифода аз усулҳои муосир ҳамасола тадбирҳои судманд андешида мешавад. 
Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати нерӯи эҷодӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи беҳтарин анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат дар интихоби касбу ҳунар ва талқини ташаккули тарзи ҳаёти солим бо оммавигардонии варзиш ва имкониятҳои рушди ин соҳаи муҳим бениҳоят гаронарзиш буда, давоми соли ҷорӣ новобаста аз шароити ҷаҳонии фарогир силсилаи ҳавасмандиҳоро барои ҷавонону варзишгарон амалӣ намуд. Намунаи олии чунин таваҷҷуҳ ин бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ қадрдони гардидани 12 нафар олимони ҷавон, ки дар ҷодаи рушди илм ва техника саҳми муносиб гузоштаанд, мебошад, ки бевосита Пешвои муаззами миллат дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар соли 2020 сарфароз гардониданд.
 Чунин дастоварду ҳавасмандиҳо давоми соли 2020 дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш бениҳоят зиёд буда, баргузории чорабинии имрӯза – маросими супоридани ҷоизаҳо ба беҳтаринҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш далели гуфтаҳост, ки имрӯз дар ҳузури иштирокчиёни маросим дар фазои мутантан беҳтаринҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар рафти чорабинӣ дар назди ҳозирин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлуба Амонзода ва Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ суханронӣ намуда, сипас, ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоиза дар наминатсияи “Шуҷоат ва ҷавонмардӣ”-ро дар фазои тантанавӣ супориданд.
Ҳамчунин, дар маросими супоридани ҷоизаҳо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ иштирок намуда, ба беҳтаринҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2020, аз рӯи 20 наминатсия ҷоизаҳои пуливу моиро супориданд.
Зимнан, бояд қайд намоем, ки беҳтаринҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2020-ро дар асоси озмунҳо ва бо усули баинобат гирфтани корнамоиҳо ва хизматҳо содиқона дар самти соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ба ғайр аз наминатсия “Шуҷоат ва ҷавонмардӣ”, ки дар асоси пешниҳоди вазорату идораҳо аз ҷониби комиссияҳои махсусе, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ шомил гардида буданд, муайян ва интихоб карда шуданд.
Дар чорабинии имрӯза, ҳамчунин як қатор сарояндаҳои машҳури кишвар сурудхонӣ намуда, табъи ҳозиринро бо сурудҳои хеш болида сохтанд.
БАХШИ ИТТИЛООТ ВА ТАҲЛИЛИ  КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*