МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » Насби варақаҳои иттилоотӣ дар кучаву маҳаллаҳои ноҳияи Айни
13
январь
2021

Насби варақаҳои иттилоотӣ дар кучаву маҳаллаҳои ноҳияи Айни


Субҳи имрӯз бо ҷалби аъзоёни маҳфили "Пайравони Пешвои миллат"-и назди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Айнӣ дар ҳудуди деҳаҳои ноҳия, корҳои таблиғотӣ ва насби варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемориҳо сироятӣ аз қабили КОВИД-19 баргузор карда шуд. 
Дар аксия волонтёрон дар назди чойхонаву мағозаҳо ва истгоҳҳову ҷойҳои серодам варақаҳоро насб намуда аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда худ ва наздиконашонро аз ҳаргуна бемориҳо эмин нигоҳ доранд.
Ҳарчанде хатари сироятшавӣ ба бемории КОВИД-19 кам шуда бошад ҳам, бояд фориғбол набошем ва кӯшиш ба харҷ диҳем ки ҳамеша саломату солим бошем, зеро "Солимии миллат - боигарии давлат аст!"
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*