МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
05
февраль
2021

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОН!


Имрӯз таҳти Раёсати Раҳмонзода Абдулло – раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки раисони филал ва намояндагиҳои ИҶТ дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ ҷаласаи навбатӣ гузаронида шуд.

Дар ҷаласа ҷиҳати тақвияти фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз ҷумла ҷиҳати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бар доштани мақоми ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон – Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мусоидат намудан дар тарбияи ҷавонон ва ба кадрҳои арзандаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Қайд гардид, ки мусалам аст, ки ҷавонон аксарияти аҳолии кишварро ташкил медиҳанд ва солҳои охир дар маркази равандҳои ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти хеле ҷиддиву муҳими ҷомеъа қарор доранд. Бинобар ин моро зарур аст, ки ҷиҳати солим нигоҳ доштани андеша, афкор ва тарзи зисти ҷавонон чораҳои зарурӣ андешем ва корро бо ин қишр ҷоннок намуда, бо онҳо ҳамкориҳои пайваста намоем.  

Дар охири чорабини ба масъулин як қаттор дастурҳои мушаххас дар самти тақвияти фаъолият ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат дода шуд.





Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*