МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ БАРОИ ИШТИРОКЧИЁНИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
16
февраль
2021

ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ БАРОИ ИШТИРОКЧИЁНИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати ҷавонпарварона ва варзишпаваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар баҳри татбиқи амалии сиёсати давлатии соҳа дар соли 2020, ки бисёр соли муҳими сиёсӣ ба ҳисоб мерафт, бо дарназардошти хуруҷи пандемияи каронавирус тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуд.

Дар маҷмӯъ дар соли 2020 аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаи он дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш 44152 чорабинӣ бо фарогирии зиёда аз 5000000 нафар сокинони кишвар, хоса наврасону ҷавонон ва варзишгарон доир карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 14952 чорабинӣ зиёд мебошад.

Аз ин дар самти кор бо ҷавонон,  Кумита тавонист дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор 31126 чорабиниҳои хусусияти идеологидоштаро бо фарогирии 3350419 нафар наврасону ҷавонон ва аҳли ҷомеа баргузор намояд.

Дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва оммавияти варзиш бошад, дар ҷумҳурӣ 13026 чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ бо фарогирии 1670277 нафар наврасону ҷавонон ва аҳолӣ, аз ҷумла 291706 нафар бонувон баргузор карда шуд. 

Қобили зикр аст, ки сабаби асосии зиёд гардидани чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ба роҳ мондани механизмҳои нави корбарӣ, махсусан сохтани ҷадвалҳои мушаххаси корӣ ва назорати иҷрои онҳо, баргузории хонишҳои сиёсӣ бо усулҳои “маҳалла ба маҳалла” “деҳа ба деҳа”, “хона ба хона” ва “рӯ ба рӯ”, мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи деҳа ба деҳа, машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, ташкили корҳо дар самти пешгирии паҳншавии каронавируси “COVID – 19” ва баргузории чорабиниҳои дахлдор боваста ба ду маракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҳамзамон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 мебошад.


                              САМТИ КОР БО ҶАВОНОН


Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмил ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумита дар ин давра лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” дар таҳрири нав, ҳамзамон Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои то соли 2030 таҳия намуда, баъд аз мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Бо мақсади расонидани мафҳум ва моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 аз ҷониби Кумита ва сохторҳои маҳалливу ташкилотҳои системаи он 1814 мулоқоту вохӯриҳо ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо фарогирии 311975 нафар ҷавонони касбу кори гуногун ва аҳолӣ баргузор карда шуд. 

Дар давраи ҳисоботӣ дар самти такмил ва танзими санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ зиёда аз 56 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зиёда аз 74 санадҳои ҳуқуқӣ, ки дар умум 130 ададро ташкил медиҳад, омода гардида дар муқоиса ба соли 2019 - 80% адад зиёд мебошад. 

Қобили зикр аст, ки дар соли 2020 хуруҷи бемории каронавируси “Ковид - 19” ва баргузории ду маракаи муҳими сиёсӣ – интихобот, имтиҳони бисёр ҷиддӣ барои фаъолияти устувору пурсамари Кумита ба ҳисоб мераванд.   

Боиси ифтихор ва сарфарозии мо масъулини соҳа ва кулли ҷавонони кишвар мебошад, ки  соли 2020 дар баробари Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, ҷавонон бо иродаи қавӣ ва эътимоду боварӣ ба номзади арзандаи худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдило овоз дода, ҳамчун пайравони Пешвои миллат мавқеи устувори худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар байни ҷавонони касбу кори гуногун 35 ҳамоишҳо зери шиори “Интихоби  мо Пешвои миллат!” баргузор карда шуд, ки дар натиҷа беш аз 12000 нафар ҷавонон фаъолона иштирок намуданд ва дар ҳар як ҳамоиши доиргардида аз ҷониби иштирокчиён изҳорот оид ба ҳамовозии ҷавонон аз номзади пешниҳоднамуди Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон қабул карда шуд.

Илова бар ин, Кумита дар ҳамкории зич бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 2935 нафар мушоҳидони миллиро аз ҳисоби аъзоёни ИҶТ омода намуда, дар рӯзи баргузории Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шафофият ва дар фазои демократӣ баргузор гардидани маъракаи муҳими сиёсӣ таъмин намуд.

Дар маҷмӯъ 12935 волонтёр ва мушоҳидони миллӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффофу демократӣ баргузор гардидани Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокашон таъмин карда шуд, ки аз ҷониби онҳо ва барои онҳо 25 чорабиниҳои омӯзишӣ, иттилоотию маърифатӣ доир карда шуда, 75000 маводҳои иттилоотӣ истифода гардид.

Ҳамзамон, дар ин давра ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус “COVID-19” 4953 чорабинӣ бо фарогирии 170777 нафар баргузор карда шуд, ки аз он 225 чорабинӣ бо фарогирии 6975 нафар дар ВМКБ, 1496 чорабинӣ бо фарогирии 46376 нафар дар вилояти Суғд, 1499 чорабинӣ бо фарогирии 46469 нафар дар вилояти Хатлон, 1231 чорабинӣ бо фарогирии 55395 нафар дар ШНТҶ ва 502 чорабинӣ бо фарогирии 15562 нафар дар шаҳри Душанбе доир карда шуд. Дар рафти чорабиниҳои болозикр зиёда аз 68333 адад ниқобҳои тиббӣ, 143530 адад варақаҳои иттилоотӣ ва 10060 дастпӯшак ва антисептик ба аҳолӣ тақсим карда шуд.   

Бо мақсади таъмини тарзи ҳаёти солимии ҷавонон ва пешгирии ин қишри ҷомеа аз гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО/БПНМ, нашъамандӣ, сил ва бемори каронавируси нави “COVID – 19” Кумита дар якҷоягӣ бо сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои система ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шахсони саховатпеша, дар маҷмӯъ 11128 чорабинӣ бо фарогирии 981700 нафар сокинон, наврасону ҷавонон доир карда шуда, дар рафти баргузории чорабиниҳо 282935 маводҳои иттилоотӣ,  68333 адад ниқобҳои тиббӣ, 10060 дастпӯшак ва антисептик ба аҳолӣ махсусан наврасону ҷавонон тақсим карда шуданд. 

Вобаста ба тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ва дигар самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ вобаста ба ин самт аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои система дар давраи ҳисоботӣ 16825 чорабинӣ бо иштироки 376576 нафар ҷавонон, афсарону сарбозон ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор карда шуд. 

Таҳлили татбиқи барномаҳои соҳавии кор бо ҷавонон ва варзиш нишон дод, ки Нақшаи маблағгузории онҳо ба таври умда мушкилоти соҳавиро фарогир набуда, чорабиниҳои муайяншуда барои фарогирии кулли ҷавонони кишвар басанда намебошанд. Инчунин дар давоми солҳои соли 2017  - 2021 барномаҳои сатҳи маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба таври дахлдор маблағгузорӣ нагардиданд.  

Дар ин замина, бо дарназардошти дар соли 2021 ба итмом расидани муҳлати амали “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017  -2021” ва “Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2021”, Кумита тасмим гирифтааст, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ гуруҳи кории босалоҳиятро бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор фаро гирифта, барои таҳияи лоиҳаи барномаҳои болозикр барои солҳои минбаъда чораҷӯӣ намояд. 


САМТИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ


Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш давоми  соли 2020 баҳри таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон, ки ҳамеша зери таваҷҷӯҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, дар доираи ваколатҳои худ як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ намуд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат, мувофиқи маълумотҳои оморӣ имрӯз дар кишвар 10220 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 122 варзишгоҳ, 7326 майдончаи варзишӣ, 1829 толорҳои варзишӣ, 96 ҳавзҳои шиноварӣ, 40 маҷмааҳо ва 807 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд. 

Агар то даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат як ҳазор иншооти гуногуни варзишӣ мавҷуд бошад, ин шумора мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2020 ба 10220 иншооти варзишӣ расид. Яъне шумораи иншоотҳои варзишӣ дар давраи 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 10  маротиба зиёд гардид.

Ҳамин тавр дар давоми солҳои 2011-2020, 2908 адад иншоотҳои асосии варзишӣ сохта шуда, зиёда аз 2000 адад иншоотҳо таъмиру таҷдид гардидаанд, ки барои пешрафти соҳа чунин инфрастохторҳо нақши муҳимро мебозад. Соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 147 иншооти варзишӣ бо харҷи зиёда аз 1 миллиарду 63 миллиону 168 ҳазору 800 сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки 1 миллиарду 24 миллиону 256 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 38 миллиону 912 ҳазору 800 сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон мебошад.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҷумҳурӣ          127 мактабҳои варзишӣ амал менамоянд, ки аз ин 1 Маркази ҷумҳуриявии омодагии олимпӣ, 4 мактаби маҳорати олии варзишии ҷумҳуриявӣ, 1 Маркази омодагии олимпӣ дар шаҳри Хоруғ, 2 мактаби маҳорати олии варзишии вилоятӣ, 3 мактаби махсуси варзишии ҷумҳуриявӣ, 12 мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ (10 мактаб дар ш.Душанбе, 1 мактаб дар ш.Хуҷанд ва 1 мактаб дар н.Рӯдакӣ), 95 мактабҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 10 мактабҳои варзишӣ дар тобеияти Иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” мебошанд. 

Дар мактабҳои варзишӣ дар ин давра дар 3992 гуруҳҳо (3 гуруҳҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёд) 52983 машқварз аз ҷумла 5787 нафар бону ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар ин давраи ҳисоботӣ дар                   3039 машқҳои пагоҳирӯзӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 182 машқҳои пагоҳирӯзӣ кам (аз сабаби аз 1 май то 1 июл доир нагардидани чорабинӣ), баргузор карда шудааст.

Ҳамзамон, тибқи ҷадвали тасдиқгардида ва маълумотҳои оморӣ дар давраи ҳисоботӣ 1228 маротиба “Терренкур-роҳгардии саломатӣ” ва хонишҳои сиёсӣ бо фарогирӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 83544 нафар, аз ҷумла 18448 нафар бону доир карда шуданд.

Соли 2020 бо ибтикори Кумита нахустин маротиба ба таври комилан фарогир 4774 мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.  

Инчунин, Фестивали бозиҳои милли варзишӣ дар се марҳила, дар сатҳи шаҳру ноҳия, дар сатҳи минтақавӣ (вилоятӣ) ва дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки васеи ҷомеа дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуд, ки дар онҳо 22110 нафар варзишгар, аз ҷумла 2779 нафар бонувон иштирок карданд. 

Дар маҷмӯъ дар доираи таҷлили иду ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ аз ҷониби Кумита ва сохторҳои маҳаллии он дар ҷумҳурӣ 3985 чорабинӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 385 чорабинӣ зиёд) бо фарогирии 1022886 нафар наврасону ҷавонон ва аҳолӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 388945 нафар зиёд), аз ҷумла 152221 нафар бонувон (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11122 нафар бонувон зиёд) баргузор карда шуд.


САМТИ ВАРЗИШИ КАСБӢ 


Дар баробари таҳкими тарбияи ҷисмонӣ ва оммавияти варзиш, ҳамзамон тарғиби тарзи ҳаёти солим, фаъолияти Кумита ба рушди варзиши касбӣ, омода намудани варзишарони бомаҳорат барои ҳифзи шарафу номуси кишвар дар арсаи байналмилалӣ равон карда шудааст. Агар дар зарфи 70 соли даврони Шӯравӣ варзишгарони мо аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 133 медал (113 медали тилло, 9 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ) ба даст оварда бошанд, дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ин рақам ба 5743 (1797 медали тилло, 1507 медали нуқра ва 2439 медали биринҷӣ) адад расидааст. Дар давраи ҳисоботӣ 232 нафар варзишгари тоҷик бо дарназардошти вазъияти пандемияи каронавирус дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, 124 медал ба хазинаи варзишии мамлакат ворид гардидааст, ки 53 % варзишгарон бо дастовард ба Ватан баргаштаанд. 

Дар даврони 30 соли соҳибистиқлолӣ барои натиҷаи варзишии варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ 5743 маротиба парчами давлатии Тоҷикистони азиз баланд бардошта шуда, 1797 маротиба суруди миллӣ садо додааст. Бо мақсади дастгирии варзишгарони кишвар, шуруъ аз соли 2015 инҷониб 7 маротиба 184 нафар варзишгарони кишвар бо ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ сарфароз гардонида шуданд, ки ҳаҷми умумии маблағи ҷоизапулӣ 3942500 (се миллиону нуҳсаду чилу дуҳазору панҷсад) сомониро ташкил медиҳад. Дар кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ 63 федератсияҳои варзишӣ (32 федератсияҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои олимпии варзиш ва 31 федератсияҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои ғайриолимпии варзиш) расман фаъолият менамоянд. Айни замон дар кишвар наврасону ҷавонон аз рӯи 68 намуди варзиш машқу тамрин менамоянд. Бо мақсади қадрдонӣ намудани варзишгарон ва муррабиёни онҳо дар давраи ҳисоботӣ 4 маротиба Комиссияи унвонҳои фахрӣ баргузор карда шуд, ки дар асоси Суратҷаласаи Комиссия оид ба сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 107 нафар бо унвонҳои фахрии “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” 37 нафар ва “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” 70 нафар сарфароз гардонида шуданд. Тибқи натиҷаҳои ба дастовардаи варзишгарон, ки ба Таснифоти ягонаи варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буданд 320 нафар варзишгар ба унвонҳои варзишӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз ин номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 нафар, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон 268 нафар, Устоди варзиши дараҷаи байнамилалӣ 16 нафар ва Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар тасдиқ ва сарфароз гардонида шудааст.


ТАҲКИМИ СИЁСАТИ КАДРӢ ВА ҶАЛБИ 

ҶАВОНОН ВА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӣ


Татбиқи амалии сиёсати кадрӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба хизмати давлатӣ, хосса ҷавондухтарон дар меҳвари фаъолияти роҳбарияти Кумита қарор дода шудааст.

Аз 278 хизматчии давлатии сохтори Кумита, 3 нафар муовин (1 зан), 6 нафар сардори Раёсат (1 зан), 2 нафар муовини сардори Раёсат (1 зан), 4 нафар сардори Шуъба (1 зан), 97 (34,8%) нафар кадрҳои роҳбарикунанда, 68 нафар (24,4%) сармутахассис, 74 нафар (26,6 %) мутахассиси пешбар ва 39 нафар (14 %) мутахассис мебошанд, ки аз шумораи 269 нафар хизматчии давлатии фаъолияткунанда 149 нафарашон ё 61,5% -ро ҷавонони аз 18 то 30 соларо ташкил медиҳад.

Дар соли 2020 дар Кумита панҷ маротиба озмун барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ баргузор гардида, дар маҷмуъ 132 нафар иштирок ва 93 нафарашон бинобар мутобиқ будан ба талаботҳои Комиссия ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ қабул гардиданд, ки аз он 37 нафарашонро ҷавондухтарон (39,7 %) ташкил медиҳанд.

Бо мақсади ҷалб намудани занону духтарони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ дар ин давра шумораи занон дар Кумита ва сохторҳои маҳаллӣ ба 67 нафар (27,6) фоиз) расонида шуд, ки аз ин шумора 12 нафарашон дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд.

Дар дастгоҳи марказии Кумита шумораи занон аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ 13 нафарро ташкил дода, дар маҷмӯъ 30 фоизи кормандонро ташкил медиҳад.

Дар соли 2020, 24 нафар кормандони Дастгоҳи марказӣ ба зинаи баландтари хизмати давлатӣ гузаронида шудаанд.

Инчунин, соли ҷорӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 нафар кормандони Кумита бо мукофотҳои давлатӣ, аз ин як нафар бо медали хизмати шоиста ва 9 нафар бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. Захираи кадрҳо барои соли 2020 аз ҳисоби мутахассисони босалоҳият ва ташаббускори дорои сатҳи баланди тайёрии касбӣ ва қобилияти ташкилотчигӣ таъсис дода шуда, ба он 40 нафар хизматчиёни давлатӣ ба мансабҳои категорияҳои сиёсӣ, олӣ, якум ва дуюм дохил карда шудаанд.

Хушбахтона айни замон дар кишвар, шумораи хизматчиёни давлатии то синни 35 сола 19210 нафарро ташкил медиҳад, ки ин 47,3% аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ мебошад. Ҳамзамон, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ҷузъу томҳои он, кормандони Вазорати мудофиа дар маҷмӯъ 87% ҷавонон (сарбозон, афсарон, прапоршикон ва ғ) мебошанд. 


ТАНЗИМИ ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ СОҲА


Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ба масъалаи расонидани иттилооти дурусту саривақтӣ ба сокинон ва ҷиҳати пур кардани фазои иттилоотии кишвар бо маводҳои мусбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати мукамммал намудани фаъолияти соҳа, воситаҳои таблиғотӣ ва иттилорасонӣ бо назардошти талаботи ҷомеаи муосир шакл дода шуда, тамоми сохторҳои марказиву маҳаллии Кумита дар шабакаи фейсбук фаъол гардонида шуда, ҳамарӯза бо тариқи 4 сомонаи иттилоотӣ ва 147 саҳифаҳои интернетӣ аз натиҷаи баргузории чорабиниҳои соҳа хабару гузоришҳоро ва андешаву вокунишҳо ба нашр расонида мешавад. Танҳо дар соли сипаригардида дар сомонаи расмии Кумита 11424 хабару гузоришҳо, аз ҷумла,   725 мақолаву андешаҳои созанда ва вокунишҳо ба маводҳои муғризонаи ташкилоту ҳаракатҳои терррористӣ-экстримистӣ нашр карда шуданд.  

Қобили зикри хос аст, ки дар саҳифаҳои фейсбукии Кумита бошад, дар як ҳафта аз 700 то 1000 мавод нашр карда мешавад Дар соли сипаригардида, маводҳои ба нашр расонидаи танҳо саҳифаи расмии Кумита дар шабакаи фейсбукро аз 52 давлати дунё мутолиа намуданд.


Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*