МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
14
апрель
2021

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШ ДАР ХОРУҒ

Дар шаҳри Хоруғи вилояти Мухтори Куҳистонии Бадахшон санаи 14 апрели соли равон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, молиявӣ ва сиёсӣ кормандони сохторҳои маҳаллӣ дар самти татбиқи дурусти Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар самти амалишавии Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ доир карда шуд.

Семнари мазкур аз ҷониби мудири бахши таҳлил ва иттилооти Кумита Шаҳбози Искандар гузаронида шуд. Дар семинар вобаста ба дуруст татбиқ намудани лоиҳаҳо дар доираи барномаҳои давлатии соҳаи кор бо ҷавонон, дуруст таҳия ва пешниҳод намудани ҳисоботҳои молиявӣ ва анҷом додани мониторинги барномаҳои болозикр суханронӣ карда шуд.

Дар семинари мазкур дар Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 доир карда шуда дар он масъулини сохторҳои маҳалиии Кумита ва гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.  

Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*