МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “БЕҲТАРИН ЛОИҲАҲОИ СОҲИБКОРИИ ҶАВОНОН” ДОИР МЕГАРДАД
23
август
2021

ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “БЕҲТАРИН ЛОИҲАҲОИ СОҲИБКОРИИ ҶАВОНОН” ДОИР МЕГАРДАД

Санаҳои 26 – 28 августи соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии ҷавонон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон”  бо ҷалби соҳибкорони ҷавони давлатҳои аъзои СҲШ ва ИДМ доир мегардад. 

Баргузории Форум имкони татбиқи ҳамгироии иқтисодии ҷавонон, мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ байни соҳибкорони ҷавони тоҷик бо дигар халқиятҳои олам ва имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Кушодашавии форум санаи 27 августи соли 2021, соати 9:00 дар толори Ҳаят баргузор мегардад.

Дар форуми мазкур инчунин иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, номояндагони сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе, спикерон ва ҷавонони фаъол дар назар дошта шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра дар заминаи раисии мақоми ваколатдори соҳа дар Шӯрои ҷавонони СҲШ ва Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ дар соли 2021, ҳамзамон таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсила – тадбирҳо, аз қабили баргузории Ниммарафони байналмилалии СҲШ дар шаҳри Душанбе, Форуми байналмилалии ҷавонон “Ояндаро бо ҳам месозем”, Фестивали байналмилалии “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод” ва мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардидааст.

Аз раванди баргузории форум иловатан гузориш дода мешавад.


Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*