МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
17
ноябрь
2021

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ИҚБОЛУ БАХТИ МО

Раҳбари овозадори кишварам,
Нури чашмам,Пешвоям, сарварам,
Ибрати аҳли башар гардидаед,
Ин шумо сулҳу рафоқатоварам.
Ҳамасола 16-ноябр рӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад. Бо шарофати сарвари давлат кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар рӯз аз рӯз ободу зебо шуда истодааст. Сарвари давлат дар яке аз Паёмҳои худ гуфта буданд:"Дӯст бошед! Иттифоқ бошед! Шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед. Шукронаи ана ҳамин давлат кунед. Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред".
Пешво маънои раҳнамо, сардорро дорад. Пешвои халқ будан, орзуи сабзи ҳар инсон аст. Аммо на ба ҳар кас тай кардани ин роҳи душвору хатарнок муяссар мегардад. Барои расидан ба ин олӣ донишу заковат, қавииродагиву ҷасорат ва мардонагӣ мебояд. Танҳо шахсиятҳои бофазлу боирода ва худогоҳ ба ин мартаба мерасанд.
Бар асари пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ муддате фазои сиёсии кишварҳои воҳид ноором гашта, ҳаводиси ҳузнангезро ба миён овард. Мутаассифона, Тоҷикистон ба гирдоби селоби низоъ афтода, дар кишвар бесарусомонӣ ва кашмакашҳои дохилӣ сар зад. Оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва бетаҷрибагии давлатдории мустақил ба суст гаштани низоми ҷомеа ва парокандагӣ боис гашт. Ҳазорон нафар сокинони кишвар ба мамолики дуру наздик муҳоҷир гаштанд.
Фазои сулҳу субот аз байн рафт. Ҳисороти дар ин муддат ба миён омада ба раванди такомули ҷомеа монеъ гашт. Хатари аз байн рафтани миллат ва қисм-қисм шудани он низ эҳсос гардид. Хушбахтона, ба василаи нури офтоби маърифати азалӣ охирин умед дар дили азияткашидаи халқи тоҷик зинда монда, оқибат ба шоми сиёҳ пирӯз гашт.
Таъкид бояд кард, ки офтоби бахти сабзи миллат Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат шинохта буд. Дар Иҷлосия ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати Роҳбари давлат дода шуд.
Новобаста аз надоштани таҷрибаи давлатдорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки бо дарки баланди миллӣ, номуси ватандорӣ дар такя бо халқи азизаш роҳи минбаъдаи давлатро муайян созад. Бо ҳамин мақсад фаъолияти худро аз оштии миллӣ, халъи силоҳ, авфи умум, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон оғоз намуда, дар андак вақт назми ҷомеаро барқарор сохт.
-Чаро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро Пешво ном мебаранд?
Ба андешаи ман, ин марди сиёсатмадору ҷасур, поквиҷдону далер аз рӯзи ба сари давлат омадан ҷомаи нангу номус ба бар карда, тамоми нерӯи ҷисмонӣ ва ақлонии хешро дар роҳи истиқрорӣ сулҳ масраф намуда,миллатро ба роҳи наҷот расонидааст.
Аз ин хотир, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи давлати Тоҷикистон ва сарҷамъии миллати тоҷик Пешвои миллат эътироф шудааст.
Дар ҳақиқат, хизмати содиқонаи фарзанди барӯманди тоҷик, қобили қадру ситоиш аст. Ин шахстяти бузург,ки бахти мо рӯйи тахт омад, барои наҷоти миллат ва давлати Тоҷикистон саҳми муассир дорад. Роҳнамои миллат гуфтан низ ба ҳамин маъност.
Таърихи соҳибистиқлолӣ гувоҳ аст, ки Ватан дар чӣ ҳолат қарор дошт? Умед бар оянда аз байн рафта буд. Нерӯҳои манфиатҷӯй пайи нақшаҳои хиёнаткорона дар пайи маҳви халқи тоҷик буданд.
Раҳми Парвардигори мо омад ва ин шахси дурбину миллатдӯст ба майдони сиёсат комилан ворид гардид. Нури умед дар дили миллат шӯъла зад. Мардум оҳи сабуке кашида, дари ноумедиро баст. Бале, поёни ҳама ноумедӣ умед аст. Хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар эҷоди роҳи сулҳу ваҳдат ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард. Ӯ аз чандин музокираҳои бебарор хаста намуда, бо гузашти зиёд ва олиҳимматӣ ба имлои созишномаи сулҳи тоҷикон (27 июни соли 1997) шарафёб гардид.
Таъкид бояд кард, ки ҳанӯз ҳам дидаи ҳасуди душманони тангназар ба сӯи мост. Аз ин хотир ба таъбири Сарвари давлат ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод, зеро ақли солим раҳнамои фардои дурахшони Тоҷикистон аст.
Хулоса, барқарор гардонидани Сулҳу ваҳдати миллӣ, ташкили давлати мустақил, бунёди иншоотҳои муҳими кишвар далели корнамоии беназири Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон аст. Тоҷикистонро мо бояд мисли Президентамон дар радифи ҷисму ҷон дӯст дорем. Бо роҳи созандагӣ қадам задани мардуми сарбаланди кишвар далели корнамоии Пешвои муаззами миллат аст.
Мо наврасони зодаи истиқлол бояд барои боварии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардем. Дар мактаб бо баҳои хубу аъло таҳсил намоем, илму дониш, касбу ҳунар омӯзем, барои пешрафту гулгулшукуфоии ватани азизамон саҳмгузор бешем. Имрӯз корҳои созандаи Сарвари мо- ифтихори мо мебошад.

Маҳбуби ҷаҳониву ҳабиби Ватанӣ,
Бар ҷумлаи дардҳо табиби Ватанӣ.
Гуфтӣ, ки ман аз баҳри Ватан мемирам,
Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби Ватанӣ!
Мо тоҷикистониён мардуми хушбахту хуштолеъ ҳастем, ки Парвардигори олам ба мо чунин як марди асили донову кордон ва меҳрубону ҳалимро ҳамчун сарвару сарпараст арзонӣ доштааст.
Ба тамоми халқи азизам рӯзи Президентро муборакбод мегӯям!

Гирандаи стипендияи Президентӣ, аъзои Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом
Махкамова Фарзона хонандаи синфи 9-и МТМУ №45 
 
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*