МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
17
ноябрь
2021

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Истиқлолият ва озодӣ барои ҳар як миллат бузургтарин падидаи маънавӣ ва сиёсист. Аз ин лиҳоз, миллату халқиятҳои ба ору номус, худшиносу худтақдирсоз метавонанд аз ин падидаи худодод барои рушду нумӯи хеш ва дар арсаи ҷаҳонии тамаддуну тараққиёт барои пеш рафтан истифода намоянд. Таърих ҳазорҳо мисолро медонад, ки халқҳои ҷаҳон чӣ тавр барои ба даст овардани истиқлолият ва пойдории он ҷонбозиҳо намудаанд. Миллатҳое, ки аз шаҳди мубориза комрон нашудаанд, ноаён аз саҳифаҳои таърих ғайб задаанд.
Баъди ба даст овардани Истиқлолият миллати тоҷик ба дастовардҳои бузургарини таърихи ноил шуд. Аз он ҷумла Иҷлосияи таърихию тақдирсози миллати тоҷик, Иҷлосияе, ки тақдири миллати тоҷикро ба пуррагӣ дигар кард, халқро аз чанголи марг наҷот ва дар  дили онҳо умед ба зиндагии ободу осуда бедор кард. Ин руз дар таърихи миллати тоҷик чун рузи тақдирсози тоҷикони ҷаҳон бо хати зар навита шуд ва то абад боқӣ хоҳад монд.
Дар чунин шароити муташанниҷе, ки миллат дар хуни худ оғушта буду бародар бо бародар ҷанг мекард, Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар қасри “Арбоб”-и Хуҷанд баргузор гашта, фаъолияташро  аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 идома дод. Асноди ҳуқуқии дар он қабулшуда дар  ҳифзи давлатдории миллӣ  ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозиданд. Иҷлосияи ХVI  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон нақши калидӣ бозида, роҳи ояндаи дурахшони халқи тоҷикро  ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дар ин Иҷлосия масъалаи асосӣ ва тақдирсози халқу кишвар ҳаллу фасл гардид, ки он интихоби Сарвари давлат буд, то кишварро аз гирдоби нобасомониҳо раҳо намояд. Хушбахтона, дар Иҷлосия аз ҷониби вакилони халқ фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба маснади олии кишвар пазируфта шуд.
Интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифаи аз ҳама баланди давлатӣ қонунӣ ва дуруст буд. Зеро ки депутатҳо фарди интихобкардаи худро хуб медонистанд. Медонистанд, ки ӯ ташкилотчии боистеъдод, шахси адолатпеша ва меҳанпараст, боҷасорат ва қавиирода мебошад. Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз байни халқи оддӣ баромада буд, зиндагии мардуми заҳматкашро хуб медонист, ба қадри одаму одамгарӣ мерасид ва аз орзуву омоли ӯ бохабар буд.
19 ноябр Сарвари давлат бо сухани кӯтоҳ, вале пурмуҳтавои барномавӣ баромад карда, чунин изҳор намуд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чӣ аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард. Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам. То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намешавам». Хулоса, «Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам».
Сарвари нави Тоҷикистон дар назди вакилони халқ савганд ёд кард ва иброз дошт, ки ҳимояи ҳавасу манфиати мардуми заҳматкаш ва муқаддасоти Конститутсияи Ҷумҳуриро вазифаи аввалиндараҷа ва муҳимтарини хеш меҳисобам. Ва ҳамин тавр ҳам карданд, ба Тоҷикистон сулҳ оварданд, охирин гурезаи тоҷикро ба Тоҷикистон оварданд ва фазои ободу осударо ба миллат туҳфа карданд. 
Бунёди роҳо, обод намудани шаҳру ноҳияҳо, баланд бардоштани  мавқеи зан дар ҷомеа, рушди маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётани муҳим, ба ҷаҳониён муаррифи намудани фарҳангу маданияти баланди тоҷикон ва ҳазорҳо мисолҳоро метавон гуфт, ки зери сиёсати хирадмандона ва сулҳҷуёнаи Пешвои миллат дар замони Истиқлолият ба даст омаадст. Натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишварамон дар тўли 30 соли баъд аз Иҷлосияи шонздаҳум мебошад. Подоши ин ҳама заҳмат, ҷонфарсоиву корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи кишвар ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Бесабаб нест, ки  ўро Пешвои миллат унвон кардаанд, ки дар таърихи башарият камназир аст.
Имруз ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонони кишварро мебояд, ки ин дастовардҳои миллатро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда,ба ояндгонпоку беолоиш ба мерос гузоранд.
Раҳе, ки пеша кардаем, ба олами саодат аст, 
Мароми мо ягонагӣ, салоҳи мо кафолат аст.
Зи роҳи рост то абад, қадам бурун намезанем,
Чу азми Пешвои мо садоқату матонат аст.
 Турсунзода Раҷабалӣ - Директори муассисаи давлатии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук




Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*