МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » Пешвои миллати мо рамзи озодӣ, тифоқ ва адолат аст
17
ноябрь
2021

Пешвои миллати мо рамзи озодӣ, тифоқ ва адолат аст

Дар таърихи давлату давлатдорӣ ва шоҳсолорӣ кам касоне мисли Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кахрамону ҷасур, одилу тавоно ва хоксор  ба дунё омадаанд. 
Ин абармарди миллат,  тоҷдори миллат,  бо нерӯи созанда,   далерию ҷасурӣ, матонату кордониаш миллатро аз вартаи ҳалокат  наҷот дод.
Пешвои мо - Эмомалӣ Раҳмон дар асл мардумӣ аст. Бо замину каланд дар байни мардум ба воя расидааст. Худи Пешво низ  борҳо дар баромадҳояш таъкид мекунанд, ки мо бо дастони худамон, лозим бошад бо нохунҳоямон канда ватанро бояд обод кунем.
Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат барои мо ҷавонон шахсияти аҷибу нотакроранд. Ӯ бузургтарин санъат - ба вақти гуфтан, гуфтану ба вақти хомўши хомўш буданро хуб омӯхтааст. Ин гуна санъат на ба ҳама сарварон муяссар гардидааст.  
Ин маъни он аст, ки Президенти мо низ Саъдивор сухан мегўянд,   аз номи миллат мегўянд.  Аз номи миллати Ориёию соҳибистиқлол мегўянд. Аз минбари Созмони Милали Муттаҳид мегўянд. Зеро Ӯ давомдиҳандаи  давлати шоҳи Сомониён аст. Дар ҷисми Ў рӯҳи Сомониён ва тамоми бузургони миллати тоҷик нуҳуфта аст.
Аз ҳама муҳимаш Эмомалӣ Раҳмон тавонист маҳбубияти халқу миллатро ба даст оварад. Имрӯз миллат Пешвои худро дўст  медорад ва бо Ӯ ифтихор дорад. Мутаасифона, ин нуқта на ба ҳама сарварони дунё  муяссар мегардад. 
Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз ғаму дарди миллат огаҳ аст ва ба мушкилоти миллат ҳеҷ гоҳ бепарво нест. Мавсуф ба мардум ҳамдилӣ ва ёрмандӣ мекунад. Ӯ шоистаи номи баланди Пешвои миллат  аст. Таърихи давлатдории шоҳони қадим ва муосир исбот кардааст, ки дар зиндагӣ кам Шоҳоне ҳастанд, ки дар вақти тавоноию қудратмандиашон бо мардум тифоқу адолат кардаанд. Вале имрӯз Пешвои мо рамзи  озодӣ, тифоқ  ва адолат аст.
Бузургии дигари Пешвои миллат он аст, ки Ў ҳамеша  ситоиши илму дониш ва хоксорию беозориро талқин менамоянд. Ӯ ҳеҷ гоҳ ғуруру худписандиро намеписандад. Пешвои миллат шеъру шоирон ва зиёиёнро самимона  дӯст медоранд. Олимону ҳунармандонро навозишу эҳтиром менамоянд. Ў аз аввалинҳо шуда, фарҳангро ҳастии миллат номид ва ба он арҷгузорӣ намуд.
Дар интихоби кадрҳо низ Пешвои мо гавҳаршинос аст. Борҳо дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки  мард бо соҳиб шудан  ба мансаб бузургу шарофатманд намешавад, балки мансаб ба туфайли мардони шарофатманд бузургу баландмақом мегардад.
Пешвои мо ҳамеша  тарафдори адолат ва ободии мулк аст. Ботини Эмомалӣ Раҳмон  софу нияташон пок аст. Хидмати Худову халқашро пеша  кардааст. Бинобар ин, ба чунин мақому мартаба расидааст, ки  хок дар дасташ  зар мегардад ва аз замири хоҳишманд бе гуфтори ӯ хабардор мешаванд.
Бинобар ин дар «Рӯзи Президент», ки ҳамасола дар кишварамон рӯзи 16-ноябр таҷлил мегардад мо тамоми ҷавонони ноҳияи Шуғнон  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро   табрику таҳният гуфта, аввалан саломати ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем бигзор хамеша дар бари миллати худ бошанд.
Пешвои миллат ифтихори мо ҷавонон.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шуғнон      
Аҳмад Мамадбунаев
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*