МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » Таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Анкара таҳти шиори «Пешвои мо - ифтихори мо».
18
ноябрь
2021

Таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Анкара таҳти шиори «Пешвои мо - ифтихори мо».

17 ноябри соли 2021 дар шаҳри Анкараи Ҷумҳурии Туркия бо ташаббуси Сафорат чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ ба муносибати «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Пешвои мо - ифтихори мо» доир гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло тариқи маҷозӣ ва доираи васеи шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳрҳои Истанбул, Анкара, Анталя, Коня ва Карабуки Ҷумҳурии  Туркия таҳсил менамоянд иштирок карданд.Чорабиниро Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анкара Ашрафҷон Гулов  ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрии кишвар, саҳми бузурги Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати навини тоҷикон ва аҳамияти баргузории «Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар хориҷи кишвар, ба ҳозирин иттилоъ дод.Ҳамзамон Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло дар суханронии худ дар бораи ҷоннисориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба Истиқлолияти давлатӣ маълумот дода, донишҷӯёнро ба илмомӯзӣ, дӯст доштани Ватану меҳани хеш, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ҳидоят намуд.Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён бо маърӯзаҳои илмии хеш оид ба паҳлуҳои гуногуни хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, навору видео ва лавҳаҳои тарбиявӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон ба намоиш гузошта шуд.Дар поёни чорабинӣ ба ҳозирин зиёфати идона ороста шуда, фазои дӯстӣ ва самимӣ байни шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия фароҳам оварда шуд.
Celebration of the "Day of the President of the Republic of Tajikistan" in Ankara entitled "Our Leader our Pride"
On November 17, 2021 in Ankara, at the initiative of the Embassy was held a political and cultural event on the occasion of "Day of the President of the Republic of Tajikistan" entitled "Our Leader our Pride". The event was attended by the Chairman of the Committee for Youth and Sports under the Government of the Republic of Tajikistan Rahmonzoda Abdullo by videoconference and a wide range of Tajik citizens and students studying in Istanbul, Ankara, Antalya, Konya and Karabuk. The event was opened by the Ambassador Extraordinary and Plenipotentiary of the Republic of Tajikistan in Ankara Gulov A. and gave information on various aspects of political, social and cultural life of Tajikistan during the independence, the contribution of the Leader of the Nation, President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon in the building of a new Tajik state and the importance of holding the "Day of the President of the Republic of Tajikistan" abroad. At the same time, the Chairman of the Committee for Youth and Sports under the Government of the Republic of Tajikistan Rahmonzoda Abdullo in his speech on the sacrifices of the President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon to achieve state independence, encouraged students to study well, love their country and respect national values.
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*