МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
30
ноябрь
2021

ДАР ЗЕРИ НИҚОБИ "ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ"

Дар таърихи гузашта "Хавориҷ", "Ваҳобия", вақтҳои охир "Салафия", имрӯз ба номи "Терроризм", пас фардо дар зери кадом ниқоб хуруҷ мекарда бошанд?
Яке аз масъалаҳое, ки хеле муҳим арзёбӣ мешаванд ва ҷомеаи имрӯзаи моро ба ташвиш овардааст, ин масъалаи хурофоту таасуб, баҳсҳои бемаврид ва ривоҷ ёфтани онҳо дар байни мардуми осоишта мебошад,  ки ҳатто қисмати зиёди ин зуҳуроти номатлуб дар фикру амали гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи ҷомеа ҷой гирифтааст. Ҳамзамон чун фарҳанги мо шинохта шуда, офати бисёр хатарнок ва калонеро барои давлату миллат ва ҳам барои дини муқаддаси Ислом хусусан ба мазҳабе, ки 1440 сол муқаддам ва шаст фисади мусулмонони дунё ба ӯ пайравӣ доранд, ба миён меоварад. Омӯзиши урфу одатҳо хеле аҳамияти бузурги амалӣ дошта, бисёртарини онҳо ба фарҳанг ва ҳуввияти миллии мо таалуқ доранд ва таҳқиқоту корбарии онҳо моро водор месозад, ки раванди тараққиёти миллатро муайян созем ва нагузорем, ки аз ин роҳу усул истифода баранд.
Барои дуруст андешидан доир ба табиати урфу одатҳо яке аз масъалаҳои муҳиму ҳаёти илмии мардумшиносии тоҷик ба ҳисоб меравад. Мардуми мо урфу одатҳое, ки дар сайри таърихии фарҳанги миллӣ ҳамчун нишонаҳои роҳ қарор доранд. Дорои маънӣ ва моҳияти хеле бузурге ҳастанд, ки бо боварии том метавон гуфт, ки инро тасаввур кардан хеле мушкил аст. Дар таърихи тоҷикон ва таърихи дини ислом далелҳои раднопазире вуҷуд доранд, ки табиат ва моҳияти урфу одатҳои тоҷикон ба дин хеле наздик арзёбӣ меёфт ва ин барои пешрафт ва шукуфоии фарҳанги миллии мо хеле аҳамияти бузург дошт ва то ҳол дорад, ки далели ин гуфтаҳо фарзандони ин миллати бузург ҳастанд. Мисли Абӯҳанифа (Нуъмон ибни Собит) ӯро тамоми ҷаҳони ислом мешиносанд ва зиёда аз 60 % дунё ба ӯ пайравӣ доранд, ки мову шумо шоҳиди онем, ки бо ташаббус ва роҳбарии боз як қаҳрамон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (соли 2009, соли бузургдошти Имоми Аъзам) эълон гардид. Таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат бо дину диёнат, муомилот ва таърихи мазҳабии тоҷикон бо ҳидоят ва дастуроти эшон тарҷума, таҳия ва нашр шудани Қуръони Карим ва чанд адабиёти илмӣ - амалӣ аз афкору осори муътабари маорифи ислом басе муассиру судманд воқеъ гардиданд, ки ҳама як урф, як одат, як андеша ва як мактаб доштанду бас, дигар мақсаде дар ин ҷо вуҷуд надорад, фақат яктопарастӣ, ваҳдату дӯстӣ байни одамон аст. Робитае, ки дар байни дин ва урфу одатҳо вуҷуд дорад, дорои пайвасти аниқ буда, барои зиндагии рӯзмарраи ҳар як инсон ва хосатан барои мо мусалмонон  зарур мебошад, мисли рукнҳои ислом аз ҷумла намоз, ки ин гурӯҳи осебпазир аввал дар байни мардуми мо аз намоз сар карда, баъдан ба урфу одату анъанаҳои миллии мо даст зада, дар охир маълум шуд, ки онҳо ҳамон гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ буда, мақсадашон ба як давлати тинҷу обод зарарҳои моливу ҷонӣ расонидан аст, ки тирашон хок хоҳад хурд. 
Маҳмадраҷабзода М. М.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷайҳун
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*