МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
29
апрель
2021

ВОРУХ - МАРЗИ НАНГУ НОМУС!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизро  ҳамлаи қирғизон ба марзи Тоҷикистон, марзи нангу номус – Ворух ба шӯр овардааст, ки ин амал боиси ба вуҷуд омадани муноқиша, захмӣ шудани теъдоди зиёди одамон гардидааст маҳкум мекунам. 

Тоҷикону қирғизҳо аз азал дар ин манотиқ дар асоси риояи принсипҳои ҳамзистии осоишта, якдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ умр ба сар бурда, намунаи олии инсондӯстӣ нишон додаанд. Аммо мутаасифона мақомоти низомии қирғиз бо ҳамла ба марзҳои Тоҷикистон нишон доданд, ки онҳо ба ин шакл муносибат намеарзанд бояд бо онҳо бо лафзи тунд ва бо тири силоҳ муносибат кард. Бахусус, ин амали ғайриқонунӣ, ноҷавонмардона ва ғайриинсонӣ боиси сард гардидани муносибати халқҳо гардида, равобити инсонҳоро сард мегардонад, ки ба манфиати ҳеҷ ҷонибе нахоҳад буд.

Тоҷикистони азиз таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ сиёсати дарҳои боз ва эҳтироми ҳамдигариро дар асоси принсипҳои умумиэътирофнамудаи байналмилалӣ дар муносибат ба ҳамаи кишварҳо, бахусус ҷамоҳири ҳамсарҳад ба роҳ монда, ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиҳаомези баҳсҳо мебошад. 

Аммо тавре ба назар мерасад, доираҳои сиёсии ва мақомоти қирғиз ин ҳолатро ё сӯистифода менамоянд ё нишонаи заъф дониста, бар хилофи муқаррароти байналмилалӣ ва тавофуқи бавуқӯъомада амал менамоянд. Аммо ҳеҷ дарк мекарда бошанд, ки ин амалашон, яъне бар хилофи созиш ва маслиҳати тарафҳо амал кардан, баръакс заъфи мақомоти марказии ҷониби Қирғизистонро нишон медиҳад.

Чунин ба назар мерасад, ки барои онҳо на мақомоти болоии марказӣ вуҷуд дораду на ҳокимият. Ба қавле худашон ҳокими мутлақанду деҳаашон як ҳудуди мустақили мухтор. Аз ин рӯ, агар дар Қиғизистон ҳокимият вуҷуд дораду ҷониби қирғиз дар аҳду паймон устуворанд, ба ин амал даст намезад. Алббата ин амал беҷавоб намонд ва ҳаргиз нахоҳад монд. 

Қирғизҳо бояд дуруст дарк кунанд, ки Тоҷикистон имрӯз давлати мустаҳакам ва дорои Қувваҳои Мусаллаҳи пешрафта аст ва мардумаш сарҷаму мутаҳид ва фидоӣ мебошад, дар дилхоҳ ҳолати таҳдид ба амнияту Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ тамоми қирғизистонро ба хоку хун мекашанд.

Аз ин рӯ, бо қатъият тақозо менамоем, ки мақомоти расмии Қирғизистон сари ин масъала бештар андеша ва корбарӣ намуда, ҳама гуна ҳолати ғайриқонунии дар ин самт ҷойдоштаро бартараф намуд.


Салим Раҳимзода, аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз вилояти Хатлон

Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*