МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » НИҚОБИ РОҲБАРИЯТИ ТЭТ ҲНИ ДАР ПАСИ СОЯҲОИ МАНФИАТҶӮЁН
05
май
2021

НИҚОБИ РОҲБАРИЯТИ ТЭТ ҲНИ ДАР ПАСИ СОЯҲОИ МАНФИАТҶӮЁН

Шахсиятҳои шинохтаи таърих, дин ва адабиёту фарҳанги башарият дар тӯли мавҷудияти ҳаёт ҳамеша ба инсонҳо тарғиб намудаанд, ки беҳтарин ганҷина ва дурдонаи ҷавҳари одамият посу гиромӣ доштан ва хизмати содиқона намудан ба Модар ва Ватан аст. Ин падида имрӯз низ моҳияти худро гум накардааст ва шоистатарин амали инсонӣ маҳсуб меёбад. Зарфияти ин амал дар он аст, ки он бояд бениёз бошад. Имрӯз инсонҳо ба тарзҳои гунонгун ба Модар ва Ватани худ хизмат намуда, қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии хешро иҷро менамоянд. Аммо тавре медонем, дар ҳама давру замон буд ва ҳаст тоифаи мардумоне, ки ба ҷои роҳи рост роҳи каҷ, ба ҷои сухани дурусту саҳеҳ сухани  бофтаю  дурӯғ, ба  ҷои  амали шоистаю нек амали зишту фасод ва ба ҷои хизмати арзанда намудан ба Модар ва Ватан "хизмати" дурӯғини пардапӯш дар симои  миллатдӯстӣ,  масъулияти ватандорӣ,  инсондӯстӣ,  созандагиву бунёдкорӣ ва фарҳангсолорӣ менамоянд. Ин тоифа дар фаъолияти худ манфиатҳо ва ҳадафҳои стратегии дигар давлат, шахсият  ва  созмону   ташкилотҳоро инъикосу амалӣ менамоянд ва зери паноҳу пуштибонии онҳо қарор доранд. Самт ва усули асосии кору фаъолияти ин гурӯҳ иғвоангезӣ, ҷудоиандозӣ, тарғиби андешаҳои  зиддидавлатӣ,  калону воҳиманок нишон додани камбудиҳои ҷомеа  ва  сӯистифода  аз   тамоми муқаддасот бар ивази амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ ва ба ин васила забти ҳокимият мебошад. Ин тоифа дар роҳи бунёдкориву созандагӣ танҳо бо забон амал намуда, аз дин, оин, имон, виҷдон, номус ва номи миллату давлат сӯистифода менамоянд ва худро "дилсӯз"-и  башарият   нигоришта,  гӯё ҳамеша ғамхору мададгори аҳли ҷомеа мебошанд. Аммо дар асл ботин ва зоҳири онҳо бо ниқоби сиёсӣ пӯшонида шудааст ва  дар  зери   он  бозиҳои  сиёсие нуҳуфтаанд, ки аз онҳо бӯйи хуни мардуми бегуноҳ, ятимшавии ҳазорон тифл, ашки чашм ва андӯҳи гарони ҳазорон модарон ва оташи ҷанг дар замини муқаддаси Ватан ҷойгир аст.Ин амалҳоро метавон дар фаъолияти аъзоёну пешвоёни ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ (ТЭТ ҲНИ) бар аъло мушоҳида намуд. Афкору андешаи хурофотпарастӣ, таассуби динӣ, қудратталабӣ ва ангехтани тухми кинаву адоват дар миёни аҳолӣ аз ҷониби аъзоёну пешвоёни ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ дар симои роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ шоҳиди гуфтаҳои мост.  
Тайи рӯзҳои охир тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ Кабирӣ бо даъвои волояти қонуну ҳифзи ватану миллат намуда, миёни ҷомеа иғвоангезӣ намуда, аз кӯчактарин масъала фоҷиаи давр месозад. Таърих амалкарди аъзоёну пешвоёни ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ фаромӯш нахоҳад кард ва ҲНИ дар мафкураи мардум ҳамҷун «ҳизб»-и террористӣ ва аъзоёнаш хоини миллат сабд гаштааст. Зеро агар ба сафҳаи таърих назар афканем, курнамакиҳои пешвоёни ҲНИ дар шахсияти ватанфурӯш Кабирӣ дида мешавад. Баъд аз он, ки Тоҷикстон истиқлолият ба даст овард ва марҳилаи рушдро аз сар мегузаронид, дар кишвар  волоияти қонунро таъмин  намуд.  Ба  ҳуқуқу  озодиҳо, махсусан ҳуқуқу  озодиҳои   сиёсии шаҳрвандон арҷгузорӣ намуд. Имкон дода  шуд,  ки  ҳамаи  гурӯҳҳои   сиёсӣ фаъолияти худро дар чорчӯбаи қонун ба роҳ монанд. Ба эътиқоди динии мардум низ арҷгузорӣ карда шуда, имконияти фарох фароҳам оварда шуд, ки тамоми фароизи динӣ иҷро гардад. Соли бузургдошти пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам Абуҳанифа таҷлил карда шуд. Қуръони карим бо забони тоҷикӣ ва хатти криллӣ баргардонида шуд. Шумораи масҷидҳо  дар   кишвар  аз  шумораи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёд гардид.
Аммо тавре мегӯянд "оқибат гургзода гург шавад, гарчи бо одамӣ бузург шавад". Зархаридон фаъолияти худро бо таъсис додани ҳизби сиёсии Ҳизби наҳзати ислом ба роҳ монда, гӯё пуштибон аз дину мазҳаб ва имони мардуми мусулмон буданд. Ин тоифа аз муқаддасоти динӣ, имони мардум ва номи Худованду китоби муқаддаси Ӯ Қуръон сӯистифода намуда, ҳадафҳои хоҷагони хориҷии худро  амалӣ  кардан мехостанд. Худро "ғамхор"-и мардум ва "ҳимоятгар"-и ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нишон медиҳанд.
Баъд аз гирифтани ниқоб аз ҷеҳраи аъзоёну пешвоёни ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ маълум гардид, ки роҳбари онҳо –Кабирӣ дар  фаъолияти  сиёсии   худ  иғвоангезиро пеш гирифта, мардумро гумроҳу шӯрангез менамояд. Бо гузашти вақт хиёнати Кабирӣ ва пайравонаш ошкор шуд ва имрӯзҳо ба воситаи  расонаҳои  хабарии   хориҷӣ, шабакаи интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ, созмонҳои  гуногун,   бар зидди давлат, ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон туҳматҳои беасос мезанад ва  сокинони  кишварро   боз  ба  ҷанги шаҳрвандӣ даъват менамоянд. Бояд фаромӯш накард, ки ягон шахс, давлат ва созмони бегона бе манфиати шахсии худ ин ё он давлат ва ҳизбро дастгирӣ намекунад. 
Ватанфурӯш – Кабирӣ дур аз мардум истода ба сӯи ватан, бо афкору андешаи пойдарҳавою беасос туҳмату буҳтон зада, дар нобарориҳои кору амалаш Ҳукумати Тоҷикистонро гунаҳгор мекунад.  Ин хоин пастсираттарин шахс будани худро тариқи шабакаҳои иҷтимои ошкор мекунад ва шарм надошта бо кадом рӯй аз номи муқаддаси Ислом ҳарф мезанад. Вақт собит намуд, ки Кабирӣ ва пайравонаш ватандӯст набуданд ва нахоҳанд шуд. Агар  онҳо ватандӯст мебуданд,  онҳоро   сокинони  Ватан дастгирию пуштибонӣ мекарданд, на хоҷагони хориҷияшон. Дигар ин ки, агар аъзоёни ТЭТ ҲНИ сулҳхоҳу ваҳдастсолор мебуданд, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ рӯй намедод.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳз душманӣ, нотавонбинии туву ҳаммаслаконат – Кабирӣ буд, ки  тайи чанд сол рушду тараққиёт ва пешрафту ободии кишварро халалдор сохт. Бо мақсади ба амал баровардани ҳадафҳои касифу душманона, ҷудоиандозӣ дар байни аҳолӣ ва минтақаҳои мамлакат аз ҳисобӣ ашхоси бадахлоқ, пешсудшуда ва бераҳм гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро таъсис дода, куштори шахсиятҳои сиёсию фарҳангӣ ва мардуми осоиштаро ташкил кардед. 
Боиси афсус аст, ки имрӯзҳо ту Кабирӣ бо сирати ҳайвонӣ рӯйи мизи суҳбату гузоишҳо баромада, худро «ислоҳотгар», «сиёсатмадори варзида», «ғамхору пуштибони халқ», «дастгири мардум» ва ғайра муаррифӣ карда, фаромӯш кардаед, ки давлату миллат аз хулқ, ақидаи зишт ва кирдорҳои харобиоварат хуб огоҳанд. Дар мусоҳиба, муроҷиат, маърӯзаҳои бенамаку бемантиқат худро ончунон «фарзанди дилсӯзи миллат» нишон медиҳӣ, ки гӯё чун ту «шахси идеалиеро» таърихи миллат ёд надорад. Магар аз амалҳои кардаи ту, пайравонат ва хоҷагонат мардум фаромӯш кардаанд?(ИДОМА ДОРАД)


Бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*